logo

иҷтимоиёт

ЛАХШ. РӮ БА ОБОДӢ

Гурӯҳи тарғиботӣ оид ба шарҳу тафсири нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳияи Лахш мулоқотҳои судманд анҷом доданд.

Олим Сафаров, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вохӯрӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Лахш изҳор дошт, ки нишондодҳои Паём баҳри зиндагии шоистаи мардуми мамлакат равона  гардида, ҷиҳати боз ҳам мустаҳкаму устувор сохтани сиёсати дохилию хориҷӣ, пойдории  сулҳу амонӣ, вусъати рушди истеҳсолоти ватанӣ, дастгирии иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани фарҳанги миллӣ дар кишвар заминаи бузург хоҳад гузошт.
 - Таҷриба нишон медиҳад, ки аз Паём то Паём дар ҷумҳурӣ дигаргуниҳои зиёди иҷтимоию иқтисодӣ ба вуҷуд омада,  сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар мегардад. Бо вуҷуди омилҳои таъсиргузори беруна беш аз 7 дарсад афзудани рушди воқеии иқтисодиёти мамлакат ва таъминоти пурра бо барқ аз зумраи нишондодҳои пешрафти  кишваранд, ки тайи соли гузашта ба даст омаданд. Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо дастури Сарвари давлат истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ аз ҳама намуди пардохтҳои андозӣ озод карда шуданд, ки аз ғамхориҳои навбатии Пешвои муаззами миллат нисбат ба мардум мебошад, - иброз дошт Олим Сафаров
Изомуддин Саидов, ёрдамчии калони прокурори ноҳия, гуфт, ки пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарою хусусияти террористидошта яке аз масъалаҳои мубрам мебошад. Таваҷҷуҳ ба ин масъала дар Паём моро ҳушдор медиҳад, ки имрӯзҳо дар раванди печутобҳои мураккаби сиёсати ҷаҳонӣ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва фирефтаи гурӯҳу равияҳои иртиҷоӣ нагардем. - Моро зарур аст, ки дар ин маврид нуктаҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олиро сармашқи кор қарор диҳем, - афзуд Изомуддин Саидов. 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.01.2018    №: 14    Мутолиа карданд: 347

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед