иҷтимоиёт
НУРОБОД. ПАЁМ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
Гурӯҳи таблиғотии вобаста ба шарҳи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Нуробод онро барномаи амал ва ҳидоятнома ба фардои боз ҳам дурахшони мардуми шарафманди тоҷик, аз ҷумла сокинони ноҳияи Нуробод маънидод карданд.
Раиси ноҳия Дӯстзода Ҳасан дар мулоқот бо сокинон аз моҳият ва нақши Паём дар рушди ҷомеа ҳарф зада, аз ҳамагон даъват ба амал овард, ки дар иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат масъулиятшинос бошанд.
Таъкид гашт, ки меҳвари аслии Паёми навбатиро ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ, эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, вазъи воқеии ҷаҳони муосир, рушди иқтисоди миллӣ, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ ва дар ин замина зиёд намудани ҳаҷми маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ, пешниҳоди имтиёзҳо барои рушди соҳибкорӣ, ҳифзи амнияти ғизоӣ, истиқлолияти энергетикӣ, бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ, тавсеаи фаъолияти дорусозӣ ташкил дода, ба марҳилаи нави рушди давлатдории миллӣ асос мегузоранд.
Дар вохӯрӣ Зикриё Акрамӣ, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи фарҳанги миллӣ, забондонӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ, таъмири роҳҳои маҳаллӣ, корҳои хайру савоб, муаррифии ёдгориҳои таърихӣ, азхуд намудани санъати баланди меъморӣ даъват намуд. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асозода Хайрулло зимни суханронии хеш диққати ҳозиринро ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ҷалб сохта, аҳамияти ин раванд дар рушди иқтисоди кишварро матраҳ намуд.
Гулнисои САЪДОНШО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.01.2018 №: 14 Мутолиа карданд: 373