logo

иқтисод

ДУШАНБЕ. ОБРАСОНӢ БОЗ ҲАМ БЕҲТАР МЕШАВАД

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр  рушди инфрасохтори шаҳр, аз ҷумла обрасониро яке аз  ҳадафҳои асосии худ қарор додааст. Тайи  як соли охир дар самти хизматрасониҳои коммуналӣ ва беҳтарсозии сектори обтаъминкунию корезии пойтахт тадбирҳои муҳим амалӣ гардиданд. 

Ориф Амиров, мудири шуъбаи идоракунии «Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе» - и  Корхонаи воҳиди давлатии  «Обу корези Душанбе», иброз дошт, ки ҳамкорӣ бо институтҳои байналмилалии молиявӣ ва дигар ташкилотҳои сармоягузор дар бахши  обтаъминкунию  санитарияи шаҳри Душанбе торафт тавсеа меёбад. Айни ҳол аз  ҷониби мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ корҳои асосноккунии иқтисодӣ – техникии «Лоиҳаи нави обтаъминкунӣ ва беҳдоштии шаҳри Душанбе» идома дорад. Тавре Ориф Амиров гуфт, дар назар аст, ки шурӯъ аз нимаи дуюми соли 2018 барои соҳаи обтаъминкунию  корези  шаҳри Душанбе аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ   40 миллион ва аз ҷониби Бонки осиёии рушд  35 миллион  доллари ИМА  ҷудо  мегардад.
 Дар доираи  татбиқи «Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе» бо арзиши умумии 30 миллион доллари амрикоӣ  маблағҳои сармоявии Бонки ҷаҳонӣ  ва саҳмгузории   мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе   ҳанӯз дар давраи панҷсолаи  он  аз  12 октябри соли 2011 то соли 2015 дар  аксари хонаҳои  истиқоматии сокинони пойтахт обҳисобкунакҳо, дар истгоҳҳои обтаъминкунии  «Обу корези Душанбе»  техникаҳои  гидравликӣ ва   дар  ҳавзи танзими шабонарӯзии  «Обу корези Душанбе»  обҳисобкунакҳои ултрасадоӣ   насб шуданд. Инчунин,  шабакаҳои обрасон ва обанборҳои «Обу корези Душанбе» аз қуму такшонҳо тоза карда шуда,  навбати якуми  пойгоҳи полоишии «Худҷорӣ» сохта, мавриди истифода қарор  гирифт.  
Муҳлати анҷоми «Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе», ки 31 декабри соли 2015  пешбинӣ гашта буд, то  30 сентябри соли 2018 тамдид гардид. Маблағи татбиқи лоиҳаи дуюм барои анҷоми  маҷмӯи корҳо дар   соҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе  танҳо дар соли 2017 беш аз 2700000 доллари амрикоиро ташкил дод.  
Дар доираи маблағгузории иловагӣ аллакай корҳои аз байн бурдани  иншооти куҳна ба итмом расида, сохтмони дуюми пойгоҳи  полоишии «Худҷорӣ» оғоз шудааст. Дар асоси қарордодҳо  таҷҳизондани  иншооти нав бо филтрҳои  иловагию қубурҳои магистралӣ ба нақша гирифта шуда, ширкати мушовирии «КЕС консалтинг инжиниринг групп» (Олмон) ҷараёни ин корҳоро назорат  менамояд. Инчунин, дар доираи маблағгузории иловагии лоиҳа қарордодҳо оид ба харидорӣ ва насб намудани таҷҳизот барои сарфаи қувваи барқ дар   КВД «Обу  корези  Душанбе», иваз намудани қубурҳои магистралӣ, ба қитъаҳои фишорӣ ҷудо намудани  шабакаҳои обрасон барои кам намудани талафоти об дар    КВД «Обу  корези  Душанбе», харидорӣ намудани системаҳои коммуникатсионӣ ва ҳисоботдиҳӣ, ки маблағи умумиашон зиёда аз 2 миллион  доллари амрикоиро  ташкил медиҳад, ба нақша гирифта шудаанд. 
Иронбӣ МӮСОЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.01.2018    №: 14    Мутолиа карданд: 275

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед