logo

иқтисод

ХАТЛОН. ҚАРИБ 5200 ГЕКТАР ЗАМИНИ ОБӢ АЗ ГАРДИШИ КИШОВАРЗӢ БЕРУН МОНД

1. Нигаронии муовини Сарвазир
Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ, раиси вилояти Хатлон, дар ҳузури муовини Сарвазири кишвар Маҳмадтоҳир Зокирзода, раисони шаҳру навоҳӣ,  сардорони раёсату идораҳо ва фаъолони вилоят нишондодҳои иқтисодию иҷтимоии соли рафтаро натиҷагирӣ кард.
 Маҳмадтоҳир Зокирзода зимни суханронӣ зикр намуд, ки аз ҳама  зиёд дар сатҳи ҷумҳурӣ - аз гардиши кишоварзӣ берун мондани 5 ҳазору 199 гектар замини корами обӣ дар вилояти Хатлон (яъне 49 дарсад) боиси ташвиши ҷиддии роҳбарияти Ҳукумати мамлакат гардидааст. - Бар замми ин, дар ҳудуди вилоят боз 5 ҳазору 656 гектар замин дар ҳолати ғайримелиоративӣ қарор дорад, - гуфт ӯ.
Масъулони ассотсиатсияҳои истифодабарандагони оби вилоят ҳаққи истифодаи обро пурра ғундошта натавонистанд. Азбаски хоҷагиҳо ҳамагӣ 70 дарсади маблағи обро пардохт карданд, дар миқёси вилоят аз ин ҳисоб ҳанӯз 11,1 миллион сомонӣ бақияи қарз боқӣ мондааст.
- Соли 2017 вобаста ба замин дар маҷмӯъ 5 ҳазору 858 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор шуд, ки ин, мутаассифона, аз соли гузашта 20 дарсад бештар аст. Биноан, мувофиқи мақсад мебуд, агар мутасаддиён назоратро тақвият мебахшиданд, - гуфт муовини Сарвазир.

2. Саноату маориф пешравиҳо чашмрас нестанд
Соли 2017 ҳамагӣ 591 корхонаи саноатии вилоят фаъолият кард, ки ин 22 адад нисбат ба соли 2016 камтар аст. Таъкид шуд, ки ин ноҷӯрии кори соҳаи саноат ба иқтисоди вилоят бетаъсир намонд.
Маҳмадтоҳир Зокирзода, ҳамчунин, оид ба зарурати ба таъмири куллӣ фаро гирифтани роҳҳо ва азнавсозию бунёди мактабҳою муассисаҳои томактабӣ ибрози назар кард. Ба таъкиди ӯ, бояд то соли 2018 дар ҳудуди вилоят барои деҳаҳои навбунёд 20 мактаб сохта мешуд, вале ин масъала ҳанӯз аз мадди назари масъулон дур мондааст. То соли 2020 дар вилоят бояд 365 муассисаи томактабии хусусӣ таъсис ёбад, аммо дар ин росто низ пешравии назаррасе нест.

3. Аз барзиёдии пахта то авҷи коррупсия
Раҷабалӣ Раҷабов, муовини раиси вилояти Хатлон, зикр намуд, ки бо вуҷуди дар сатҳи вилоят барзиёд иҷро шудани нақшаи ҷамъоварии пахта, нишондиҳандаҳои баъзе ноҳияҳо қонеъкунанда нестанд.
Ҳаҷми маблағҳои дар натиҷаи ҷиноятҳои коррупсионӣ тасарруфшуда тамоюли зиёдшавӣ дорад, ки ин ташвишовар аст.
Дар вилоят картошка хеле кам истеҳсол шуда, боиси ба миён омадани мушкилот гардидааст. Гузашта аз ин, дурнамои кишти ин маҳсулот дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияи Восеъ ҳанӯз ҳам анҷом наёфтааст.
Навоҳии Қубодиён, Ёвон, Муъминобод ва Восеъ дурнамои истеҳсоли маҳсулоти полизиро таъмин карда натавонистанд.
То ҳол дар ҳудуди вилоят 29 сардхонаю яхдони калонҳаҷм ташкил шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд. Дар шароити махсус 59 тонна тухмии хушсифати зироатҳои кишоварзӣ захира гардидааст, аммо ин масъала дар шаҳри Норак ҷавобгӯйи талабот нест.

4. Дурнамо иҷро нашуд
Дурнамои пиёзи барвақтӣ дар навоҳии Қубодиён, Восеъ, Панҷ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ иҷро нашуд. Саршумори паранда дар ноҳияи Муъминобод ва моҳӣ дар шаҳри Норак коҳиш ёфт. Тараққӣ бахшидани соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар шаҳри Сарбанд ва ноҳияҳои Дӯстию Темурмалик қаноатбахш нест. Дар навоҳии Дӯстӣ ва Восеъ ҳудуди калони заминҳо аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд. Қарзи аз ҳама бештари ҳаққи истифодаи об ба ноҳияҳои Ҷайҳун, Дӯстӣ, Ёвон ва Фархор рост меояд.
Соли 2017 дар шаҳру навоҳии Кӯлоб, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Восеъ, Бохтар, Сарбанд, Вахш, Ёвон, Ҷайҳун ва Носири Хусрав 75 корхонаи саноатӣ таъсис ёфт ва аз ин ҳисоб қариб 2 ҳазор сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид. Аммо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар 140 корхонаи вилоят назар ба иқтидори истеҳсолӣ ва имконият кам аст.

5. Супориши раиси вилоят
Раиси вилоят барои рафъи камбудиҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дода, талаб намуд, ки барои иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоии вилоят аз тамоми захираю имконоти мавҷуда босамар истифода шавад.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.01.2018    №: 14    Мутолиа карданд: 289

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед