logo

иҷтимоиёт

ОФАТИ ТАБИӢ ДАР СУҒД БЕСИФАТИИ КОРҲОИ СОХТМОНИРО РӮИ ОБ БАРОВАРД

Оқибатҳои офати табиӣ, ки рӯзҳои охири соли 2017 дар вилояти Суғд ба амал омад, бартараф карда мешаванд. Бар асари офати табиӣ иншооти муассисаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳангу варзиш, биноҳои маъмуриву истиқоматӣ,  хатҳои интиқоли барқу симчӯбҳо дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров ва Ашт зарари ҷиддӣ диданд.  Мувофиқи маълумоти пешниҳодкардаи бахши вилоятии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва идораи сохтмони асосии вилоят, аз шамоли сахт асосан боми иншоот, симчӯбҳо, дару тирезаҳо, хатҳои барқ зарар диданд. Хушбахтона, бар асари ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ рух надод.
Асадулло Ҳувайдуллоев, сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳияи Ашт, дар суҳбати телефонӣ  вобаста ба зарари офати табиӣ иттилоъ дод, ки мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ маблағи зарар 1 миллиону 831 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад. Бар асари офати табиӣ дар ноҳия хати интиқоли барқ дар масофаи 24, 2 километр, манзили 1 ҳазору 172 нафар, 38 муассисаи мактабиву томактабӣ ва дигар иншооти хоҷагии халқ  хисорот дидаанд. Ҳоло оқибатҳои ин офати табиӣ аз ҷониби сохторҳои марбута бартараф мешаванд.
Тибқи маълумоти расмии идораи сохтмони асосии вилоят, фақат зарари ба иншоот расида қариб  5 миллион сомониро ташкил медиҳад. Шамол ба иншооти маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд  зиёдтар  зиён овард.
Тоҳир Қудратзода, сардори идораи сохтмони асосии вилоят, дар суҳбат ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иброз дошт, ки гурӯҳи корӣ хисороти бар асари офати табиӣ расидаро пурра таҳқиқ кардааст. Барқарорсозии  иншооти иҷтимоӣ оғоз ёфта, корҳо идома доранд.
Роҳбари идораи сохтмони асосии вилоят дар иртибот ба иншооти зарардида сухан гуфта, аз кори бесифати  баъзе бинокорони ширкатҳои хусусӣ изҳори нигаронӣ кард.
- Баъзе муассисаҳо ба хотири сарфаи маблағ  дар таъмир  қувваи ҳашарчиёнро истифода бурдаанд, ки корҳои анҷомдодаи онҳо ба одитарин талаботи сохтмон ҷавобгӯй намебошад. Аз ин офати табиӣ бояд масъулини муассисаҳо, сабақи ҷиддӣ гиранд, - таъкид кард Тоҳир Қудратзода.
Воқеан, мо чанд тан рӯзноманигорон субҳи баъди офат аз чандин мавзеву иншооти зарарбардоштаи шаҳри Хуҷанд дидан кардем ва мушоҳида намудем, ки ҷиҳати анҷоми кори бомпӯшии кӯдакистонҳо, мактабҳо ва баъзе иншооти дигар аз ҷониби сохтмончиён  бемасъулиятӣ зоҳир шудааст. Нафақат сифати корҳо, балки сифати  маҳсулоти сохтмонӣ низ куллан ҷавобгӯйи талабот намебошад.
- Аз 63 иншооти зарардидаи шаҳри Хуҷанд корҳои сохтмонии 56 иншоотро афроди ғайрикасбӣ анҷом додаанд. Аз ин ҳолат масъулини идораву ташкилотҳо ва ширкатҳои сохтмонӣ бояд сабақ гиранд, - гуфт Насимҷон Аҳмадов, раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони  бахши бинокории вилоят.   
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.01.2018    №: 14    Мутолиа карданд: 377

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед