logo

иҷтимоиёт

ЛИБОСИ МИЛЛӢ ҶУЗЪИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛИСТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташон бо аҳли маорифи  ноҳияи Бохтар, ки  16 августи соли гузашта ба вуқӯъ пайваст, ба  мавзӯъҳои  муҳим ва ҳалталаби ҷомеаи имрӯза таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Аз ҷумла, дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, шинохти ҳувияти миллӣ, касбу ҳунаромӯзӣ  ва  омӯхтани илму фаннҳои замони муосир тарбия кардани фарзандонро вазифаи ҷонию ҳамешагии ҳар як омӯзгору шаҳрванд шумориданд. Ҳамзамон, ба масъалаҳои  омӯзиши маърифат ва фарҳанги оиладорӣ, одоб ва ахлоқи хонаводагӣ, пешгирии паҳншавии  фарҳанги бегонаи либоспӯшӣ дар байни  духтарони тоҷикро махсус қайд карданд.  Пешвои миллат таъкид карданд, ки ин тарзи либос ба бар кардани хоҳарону модарони мо метавонад, фарҳанги миллии тоҷиконаро  дар замони бошиддат тағйирёбандаи муосир аз байн барад.  Имрӯз ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки рукнҳои фарҳанги миллиро аз хатарҳои замони нав ҳифз намояд.
Фарҳанги  ин ё он  миллат тавассути  сарулибос  низ шинохта шуда, он аз насл ба насл гузашта, рушду такмил меёбад. Хушбахтона, тӯли асрҳои зиёд  тавассути  бонувону модарони  соҳибфарҳанги мо  сарулибоси миллии занони тоҷик ҳифз гардида,  имрӯзҳо бо рангу мазмуни даврони нав ҷилванамоӣ доранд. Воқеият аст, ки тамоми арзишҳои муқаддаси милливу суннатии мо  маҳз дар оила ташаккул ва ҳифз мегарданд ва насли ҷавон, бахусус ҷавондухтарони тоҷик идомадиҳанда ва посбонони рукнҳои фарҳангӣ,   анъана ва расму оинҳои миллии мо ба шумор мераванд. Чун сари мавзӯи омилҳои ба бегонапарастӣ майл кардани ҷавонон сухан меравад, ҳатман муҳити хонаводагӣ  ва оила таҳлил мехоҳад. Ташаккулёбии фард ва ё  шахс худ ба худ сурат намегирад. Дар он заҳмати падару модар таъсири амиқ дорад.
Мутаассифона, солҳои охир дар ҷойҳои ҷамъиятӣ  бо либосҳои бегона пайдо гардидани  як гурӯҳ духтарону занони тоҷик ба ҳукми анъана даромадааст. Онҳо худро бо сарандозҳои калони сиёҳ печонида, бо куртаву  камзӯлҳои дарози танг дар тӯю маъракаҳо ҳозир мешаванд, ки ин ба фарҳанги мо бегона аст. Дар таҳрири нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар моддаи 14 мазмуни нав илова гардид. “Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд рукнҳои фарҳанги миллӣ , аз ҷумла забони давлатӣ   ва либосҳои миллиро ҳифз намоянд”. Инро ба инобат гирифта, масъулони ноҳияи Бохтар корҳои фаҳмондадиҳиро хеле тақвият бахшидаанд. Ин аст, ки тарзи либоспӯшии ғайр миёни аҳолии ноҳияи мо бегона шумурда мешавад. Пас меарзад, ки барои эҳё,  ҳифз ва эҳтироми рукнҳои миллии суннатӣ ҷаҳд намоем ва барои расидан ба роҳи мақсуд, ки роҳи ниёгони мост,  мушарраф бигардем.
Д. ШУКРУЛЛОЗОДА,
муовини раиси ноҳияи Бохтар


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.01.2018    №: 14    Мутолиа карданд: 580
12.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 39 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ВИДЕОКОНФРОНСИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ + ЯПОНИЯ”

ВОХӮРИИ МУҲАММАДЮСУФ ИМОМЗОДА БО МУҲАММАД ЗОҲИР АҒБАР

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ФОСИЛАВИИ «ТОЗАГӢ – ГАРАВИ САЛОМАТӢ»

ЛИГАИ АВРУПО. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМНИҲОӢ МАЪЛУМ ГАРДИДАНД

10.08.2020


КОРОНАВИРУС. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН БА 6 ҲАЗОРУ 573 КАС РАСИД

ЁРИИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОКИНОНИ ЭҲТИЁҶМАНДИ БАДАХШОН

САФАРИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ШИРИН ИСМАТУЛЛОЗОДА БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ

«СУҒД ТЕКСТАЙЛЗ» ФАЪОЛИЯТАШРО ТАВСЕА МЕБАХШАД

ЛИГАИ ОЛӢ. "ИСТИҚЛОЛ", "ХУҶАНД" ВА "ХАТЛОН" ДАВРИ ДУЮМРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРДАНД

БАДАХШОН. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ МАЙДОНИ КИШТ

АГЕНТИИ НАШЪАОВАР. МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 1 ТОННА МАВОДИ НАШЪАОВАР ВА МАҲВИ 26 ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед