logo

маориф

Мактабҳо таъмирталаб, синфхонаҳо намерасанд, таълим дар се баст…

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро афзалиятнок дониста, баҳри таъмини пешрафти он шароиту имкониятҳоро фароҳам овардааст.
Бо вуҷуди ин дар баъзе минтақаҳои аҳолинишин барои таълиму тарбияи хонандагон на танҳо шароитҳои зарурӣ муҳайё нашудаанд, балки бо сабаби набудан ва нарасидани биноҳои таълимӣ хонандагон дар хонаҳои шахсӣ ва вагон-хонаҳо сабақ мегиранд.
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъро дар муассисаҳои таълимии кишвар санҷид, дар натиҷа камбудиҳои дигар низ ошкор гардиданд. Хабарнигори мо бо Сунавбар Давлатов, сардори шӯъбаи назорати иҷрои қонунҳо бо ноболиғон ва ҷавонон, мушовири адлияи дараҷаи якуми мақомоти мазкур аз натиҷаи санҷиш сӯҳбат кард.

-Шароити мактабҳои таҳсилоти умумии мамлакатро чӣ тавр тавзеҳ медиҳед?
-Вазъият дар маҷмӯъ хуб нест. Соли 2008 мувофиқи нақша бояд аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ҷумҳурӣ 22 бинои мактаб барои 7960 ҷои нишаст ва 75 синфхонаи иловагӣ барои 5619 ҷои нишаст сохта ба истифода дода шавад. Масалан, дар ноҳияи Шӯрообод аз 50 муассисаи таҳсилоти умумӣ бинои 12-тоаш дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 4 мактаб ва 19 филиали мактабҳо дар хонаҳои шахсӣ ҷойгир шудаанд. Дар ноҳияи Ховалинг аз 45 муассисаи таҳсилоти умумӣ 11-тоаш дар хонаҳо ва вагон-хонаҳо ҷойгиранд.
Бинобар нарасидани ҷои нишаст ва дар ҳолати садамавӣ қарор доштани бинои мактаби таҳсилоти умумии рақами 45-и деҳаи Ворухи шаҳри Исфара, дарсҳо дар ду синфхонаи ба тариқи ҳашар сохтаи аҳолӣ, дар хонаҳои истиқоматӣ ва дар ду ҳуҷраи масҷиди маҳаллаи «Сари Дашт» сурат мегиранд, ки онҳо ба талаботи оддитарини таълиму тарбия ва ҳолати вогирию беҳдошт ҷавобгӯ нестанд. Дар деҳаҳои Утоли Поён ва Кӯли Мирзангии ноҳияи Тоҷикобод бинобар набудани бинои мактаб 33 нафар хонанда дар даҳлезҳои чойхонаҳо машғули сабақомӯзист.
Умуман, мувофиқи маълумоти  аз шаҳру ноҳияҳо пешниҳодгардида ва ҳисоботи расмии Вазорати маориф, дар соли хониши 2007-2008 дар ҷумҳурӣ, 143 бинои мактаб дар хонаҳои шахсӣ, 107 мактаб дар вагонҳо ҷойгир гардида, бинои 273 мактаб дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, бинои 186 мактаб ба таъмири асосӣ ниёз дорад.
Чуноне таҳлилҳо нишон медиҳанд, бинобар бунёд  ёфтани деҳаҳои нав, афзудани шумораи хонандагон, кӯҳнаю фарсуда гаштани қисме аз биноҳои мактабҳо шумораи синфхонаҳое, ки дар биноҳои шахсӣ ва вагонҳо ҷойгир шудаанд, сол ба сол зиёд гардидааст.
- Мулоҳизоти Шумо оид ба иқтидори ғунҷоиши биноҳои таълимӣ, таъмини онҳо бо мизу курсӣ ва ҷудо шудани маблағ аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо?
-Дар аксар шаҳру ноҳияҳо, бинобар нарасидани синфхонаҳо, кам будани ҷои нишаст ва камии мизу курсӣ таҳсил дар се баст ба роҳ монда шудааст. Ин ҳолат ба сифати таълиму тарбия ва донишомӯзии хонандагон таъсири манфӣ мерасонад.
Дар қисми зиёди мактабҳои таҳсилоти умумӣ шумораи хонандагон аз иқтидори ғунҷоишии биноҳои таълимӣ хеле зиёд аст. Чунончӣ, биноҳои  таълимии мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе барои 94346 ҷои нишаст пешбинӣ шуда, теъдоди умумии хонандагон дар соли таҳсили 2007-2008 дар муассисаҳои мазкур 162881 нафарро ташкил дод, ки 68517 нафар зиёд мебошад.
Биноҳои мактабҳои таҳсилоти умумии вилояти Хатлон барои 450312 нафар хонанда пешбинӣ шуда, дар онҳо 638688 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Дар вилояти Суғд иқтидори ғунҷоиши биноҳои таълимӣ барои 387732 ҷои нишаст пешбинӣ шудааст, вале шумораи хонандагон дар соли таҳсили 2007-2008-ум 470102 нафарро ташкил дод, ки 82370 нафар аз меъёр зиёд аст.
Дар  баъзе мактабҳои ҷумҳурӣ аз 2 то 5 маротиба аз иқтидори ғунҷоишии онҳо зиёд хонандагон таҳсил менамоянд. Масалан, бинои таълимии мактаби таҳсилоти умумии рақами 1-и ноҳияи Ховалинг, ки соли 1970 сохта шудааст, барои 830 нафар пешбинӣ шуда, дар он зиёда аз 1800 хонанда таҳсил менамояд. Дар ноҳияи Балҷувон низ ҳолат чунин аст.
Мактабҳои таҳсилоти умумии вилояти Хатлон ба 8193 миз, 16384 курсӣ ва 1200 тахтаи синфӣ ниёз доранд.
Санҷишу таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз тарафи баъзе масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба ин мақсад сари вақт маблағ  ҷудо намешавад. Масалан, дар шаҳри Қӯрғонтеппа соли 2008 барои таъмири даврии мактабҳо ҳамагӣ 4709 сомонӣ ҷудо шудааст, ки он ба 10 мактаби шаҳр 470 сомонӣ рост меояд ва ҳатто барои пардози қисмати берунии мактабҳо басанда нест. Ё ин ки мувофиқи нақшаи буҷети ноҳияи Ҷиликӯл соли 2007 барои таъмири мактабҳо бояд 48000 сомонӣ ҷудо мешуд, аммо ҳамагӣ 17000 сомонӣ интиқол ёфт. Дар нимаи аввали соли равон аз 35000 сомонии нақшавӣ то 1 августи соли равон ҳамагӣ 9950 сомонӣ ҷудо гардид, ки ин маблағ танҳо барои сохтмони ҳоҷатхонаи мактаби таҳсилоти умумии рақами 1 сарф шуд.
Дар ноҳияи Рӯдакӣ давоми солҳои 2007 ва 2008 аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои таъмири даврии биноҳои таълимӣ танҳо ба 5 мактаб маблағ ҷудо гашт, барои 174 мактаби дигар умуман маблағ пешбинӣ нашудааст. Ин дар ҳолест, ки бинобар набудани бинои таълимӣ хонандагони 30 мактаб дар вагонҳо мехонанд.
Дар ин давра мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен ҳамагӣ 7000 сомонӣ, ноҳияи Шаҳристон 3000 сомонӣ, шаҳри Чкалов 2,5 ҳазор сомонӣ барои таъмиру тармими биноҳои таълимӣ ҷудо намудаанд.
Дар қаламрави вилояти Суғд 18 мактаби замонавии сохтмонашон нотамом вуҷуд дорад.  Дар сурати бунёд ёфтани биноҳои ин мактабҳо, проблема ҳалли худро меёфт.

Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2040
26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед