logo

иҷтимоиёт

ҲУНАР ЗЕБОӢ МЕОФАРАД

Гаҳвора. Онро ҳунармандони моҳир чунон офаридаанд, ки тифл дар дохилаш озодона истироҳат менамояду ба хоби ноз меравад. Аз замонҳои пеш то имрӯз ин ҳунари мардумӣ бо навгониҳои хеш пойдор аст ва хонаи тоҷикро имрӯз бе гаҳвора тасаввур кардан ғайриимкон мебошад. Ҳунари гаҳворасозӣ маъмултарин ҳунарҳои мардумист.
Ҳар усто ҳангоми сохтани гаҳвора ҳунари худро бо меҳру муҳаббати беандоза дар чӯб кандакорӣ ва наққошӣ намуда, бо ин орзуҳои дилашро ба тифл изҳор медорад. Ҳунарманд дар сохтани макони хобу истироҳати кӯдак аз чӯбҳои нафису тоза ва хушбӯю зебо истифода бурда, мекӯшад, ки гаҳвора роҳатбахшу мунаққаш бошад ва ба тифл аз оғоз эҳсоси зебоипарастиро тақдим намояд.
Маъруф Шарифов, сокини пойтахт, яке аз устоҳои чирадастест, ки аз 15 - солагӣ ба ин ҳунари мардумӣ машғул аст. Дар ибтидо аввалин чизи сохтааш гаҳворачаи хурде буд баҳри хоҳараш. Пас аз талошҳои пайваста нозукиҳои ҳунарро  аз падар омӯхт ва чун ҳунарманди ҷавон шуҳрат пайдо кард. Ин касб барои онҳо меросист. Ҳафт пушташ гаҳворасоз гузаштааст. Ҳунари меросӣ онҳоро дар солҳои душвори зиндагӣ дастгирӣ намудааст ва буҷети оилавиашон ҳамеша ғанӣ мондааст.  
Гаҳвораҳои Маъруф дар байни муштариён хеле маъруфанд. Вай  бештар гаҳвораро аз чӯбҳои бед, чормағз, зардолу ва пояашро аз тут месозад. Ӯ дар чандин намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандии шаҳр ширкат намудааст ва дар ҳамаи онҳо ҳакамон ва ҳам харидорон ба натиҷаҳои заҳматаш баҳои баланд додаанд. Вай шод аз он аст, ки дар соли рушди ҳунарҳои мардумӣ аз ҷиҳати андозу андозбандӣ ба ҳунармандони хонакор бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имтиёзҳо муқаррар гаштанд ва ин имкон медиҳад, ки онҳо дар роҳи равнақ бахшидани касбияти худ ба пешрафтҳои назаррас ноил шаванд ва дар ғанӣ гардондани бозори ҳунарҳои  мардумӣ ва буҷети оилавӣ комёбтар гарданд. 
Қурбон АҲМАДЗОД, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.01.2018    №: 15    Мутолиа карданд: 281

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед