logo

иҷтимоиёт

ФАЙЗОБОД. РӮ БА ОБОДӢ

Ободонии маҳали зист, роҳҳои байни маҳаллаҳо, бунёди пулҳо дар маҳалҷойҳо, таъсис додани коргоҳҳои хурди ҳунарҳои дастӣ ва ба ин васила бо шуғл таъмин намудани ҷавонону занон аз масъалаҳое мебошад, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз 22 декабри соли 2017 бори дигар таъкид шуданд.
Тибқи иттилои Ҷаҳонбег Боев, раиси Ҷамоати деҳоти «Ҷавонон» - и ноҳияи Файзобод, тӯли як соли сипаришуда дар соҳаҳои иҷтимоии ҷамоат дигаргуниҳои куллӣ ба вуқӯъ пайвастанд. Дар деҳаҳои Обисангбур, Сарчашма, Муллотуғма, Ҷавонон, Хамисаврӣ ва Чиноро шаш бунгоҳи тиббӣ, чор пул, се майдончаи варзишӣ ва як сехи дӯзандагӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Инчунин, барои ҷалби ҷавонону наврасон ба тарзи ҳаёти солим дар деҳаҳои Дубеда, Карсанг, Сарисафедхок низ майдончаҳои варзишӣ ва як толори варзишӣ бунёд ёфтанд. Соҳибкорон Абдулло Ашуралиев ва Фатҳулло Раҷабов дар бунёди бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳаҳои Хамисаврӣ ва Арзанова саҳмгузорӣ карданд.
Сокинони деҳаҳои Арзанова ва Муллотуғма солҳо боз аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашиданд. Соли гузашта ба ин деҳаҳо аз масофаи шаш километр оби ошомиданӣ оварда шуд. Ҳамчунин, дар қад – қади шоҳроҳи деҳаҳои Муллотуғма ва Хамисаврӣ фурӯзонакҳо гузоштанд. Соли гузашта дар баробари созандагӣ дар самти боғу ток ва картошкапарварӣ низ натиҷаҳои дилхоҳ ба даст омаданд. Майдони боғҳо  аз ҳисоби талу теппаҳо дар ҳаҷми 120 гектар васеъ карда, дар майдони 4,5 гектари боғи нав бунёд гардид.
- Дастуру ҳидоятҳои дар  Паёми  навбатӣ ироанамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фаъолияти худ ба роҳбарӣ гирифта, нақша дорем соли 2018 майдони боғу токзорро боз то 150 гектар васеъ намоем, - гуфт раиси ҷамоат.
Ҳокими САФАР, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.01.2018    №: 16    Мутолиа карданд: 264

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед