logo

иҷтимоиёт

ХУШБАХТ ҲАЙДАРШО. ҲАҚИҚАТНИГОРЕ, КИ АЗ ДАСТИ ГУМРОҲОНИ ИНОТ ҚАТЛ ШУД

Хушбахт Ҳайдаршо (Хушвахтов Ҳайдаршо) 31 январи соли 1959 дар деҳаи Ускроғи ноҳияи Ванҷи ВМКБ таваллуд шудааст. Соли 1981 шуъбаи арабии факултети шарқшиносии ДМТ – ро бо дипломи аъло хатм намуда, солҳои 1981 – 1985 дар Сурия тарҷумони неруҳои ҳарбии Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Соли 1986 дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» («Ҷавонони Тоҷикистон»), аз соли 1987 то вопасин рӯзҳои ҳаёташ дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар вазифаи котиби масъул кор кардааст. 19 майи соли 1994 дар роҳ ба ҷойи кор аз зарби 5 тири мутааллиқ ба гумроҳони собиқ Иттиҳоди неруҳои оппозитсионии Тоҷикистон, ки ваҳшиёна алайҳи сохти конститутсионӣ меҷангиданд, ба қатл расид.
Худованд дар муқобили Шар Хайр, дар рӯёрӯй бо Заҳҳок Кова ва дар муқобили фитнагариҳои моҷароҷӯёни аввали  солҳои соҳибистиқлолӣ фарзандони содиқу сарсупурдаи миллатро офарида будааст…
Ба тақдири миллати аз таърих ҷафокашидаи тоҷик аввалин рӯзҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо исёни хунини ҳангоматалабон рост омад. Гурӯҳҳои ҷоҳталабу мансабталоше, ки солҳои сол дар орзуи ба даст овардани салтанату мансаб буданд, дар ҳайати собиқ Иттиҳоди неруҳои мухолифини Тоҷикистон ба ҳам омада, бо истифода аз беҳокимиятии замона ва бесалоҳиятии роҳбарияти вақт дар байни миллат оташи фитнаву нифоқ афрӯхтанд. Фоҷиаи миллат дар он нуҳуфта буд, ки ин аҳримансиратон мисли тӯтӣ хуш сухан гуфтану чун шаётин  дар як замон бо сад ранг чеҳра намоён карданро хуб  омӯхта буданд. Ҷавонони навхату ноогоҳ ба афсуни ҳизбу ҳаракатҳои ифротие чун наҳзати исломӣ афтода, омода буданд, ки баҳри кори ноҳақ худро ба ҳар гирдобе афкананд. Ҷавонон дар ин моҷаро саргум, баъзеҳо ба тамом гумроҳ шуданд. Онҳо оқибати ин даҳшати саросариро пай бурда бошанд ҳам, аз тарси ҷон муҳри хомӯшӣ ба лаб зада буданд…
Хушбахт Ҳайдаршо аз ҷумлаи онҳое буд, ки ҳанӯз аз воқеаҳои февралии соли 1990 кӣ будани Иттиҳоди неруҳои оппозитсионии Тоҷикистон (ИНОТ), аз ҷумла пайравони ҲНИТ - ро амиқан сарфаҳм рафта буду аз ҳамон таърихи шум сар карда, дар ҷодаи ифшо сохтани мақсади сиёҳи мунофиқон нотарсона мубориза бурдааст. Воқеаҳои наҳси феврали соли 1990 Хушбахт Ҳайдаршои ҷавонмардро ҳамчун  журналисти тавоною ҳақиқатнигор, публитсисти сиёсатмадор ба майдони шадиди мубориза баҳри ҳақиқат овард.
Эҳсоси бо хатари муҳлик пешорӯ шудани миллат дили ҳассоси нависандаи ҷавонро ба фиғон овард. Ӯ дар ниқоби «дӯстдорон» - и миллат ба ҷилва омадани қотилон, фиребгарону бадхоҳон ва ҷудоиангезони онро бо чашми дил эҳсос карда буд. Ва ҳамин дарки дарди миллат буд, ки адиби ҷавону зебопараст ва дилогоҳу ҷавонмардро ба арсаи сиёсат кашид. Ӯ ҳамрози аҳли дард, марҳами захми ҳоҷатмандоне гашта,  ки дар ин корвонсарои пуршӯру шар ба сад кӯй сар зада, ба ҷуз ӯ муттакое наёфта буданд. Дар ҷодаи талош баҳри ҳақиқат аз чизе ва ё касе ҳарос надошт. Бо қалам бо қозиву охунду миллаттарошҳо, ки фатвои қатлашро бароварда буданд, размид. «Чароғи рӯз» - и бефурӯғ Ҳайдаршоро «рӯзноманигори бадтарини сол» эълон карду «Растохез» - у «Адолат» «мухбири дарборӣ» мехонданд, аммо ӯ танҳо ба халқ хизмат кардааст.
Дороии Ҳайдаршо дили бузургаш, муҳаббати беандозаву беохираш нисбат ба мардуми заҳматкаш буд. Тайи солҳои 1991 - 1994 – и пурмоҷаро бо чӣ ноадолатиҳое рӯ ба рӯ омад, чӣ қадар дӯғӯ пӯписа, таҳқиру таҳдид сарозер нагардид ба сари ӯ! Хиёнати дӯстон, мунофиқии дурӯягон, таъқиботи узви ИНОТ, бахусус ҳизби миллатфурӯши ҲНИТ  – ҳамаи ин балоҳоро таҳаммул намуд, вале аз ҷодаи ҳақиқат рӯ натофт. Маҳз номуси баланду садоқаташ ба Ватан буд, ки миёни ҳамкорон эътибори калон дошт. Барои ҷавонони навқалам намунаи ибрат, балки идеал буд.
- Хушбахт Ҳайдаршоро аз соли 1988 мешиносем. Ҳамкории мо, нахуст дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» оғоз шуда, дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» низ идома ёфт. Ӯ дасти чандин хабарнигорони ҷавонро рост карда, маҳорати нигорандагиашонро сайқал бахшидааст.
Ҳайдаршо дар тӯли умри кӯтоҳи худ пастиву баландӣ, хубу нек ва  талхиву ширинии  дунёро бисёр диду чашид. Ба қавле, дар  кӯраи зиндагӣ  обутоб ёфт. Хислатҳои неки инсониро меписандид. Худ инсони якрӯ буд ва якрӯ менавишт. Марди хоксор буд. Орому ботамкин, бурдбору дидадаро буд. Навиштааш чизи сохтае надошт. Нобаробариҳои иҷтимоиро чашми дидан надошт. Сабабҳои ҳамаи инро бо мисолҳои мушаххас рӯи коғаз оварда, манзури хонандаҳо мегардонд. Ҳатто як идда ноҷавонмардон таънааш мезаданд, ки Ҳайдаршо ҳамеша дар бораи бечорагону бенавоён менависад ва ба ҳолашон мегиряд. Бале, ӯ мегирист, зеро ки дил дошт, дили пур аз раҳму шафқат, дили инсонӣ…
Ӯ зиндагиро  дӯст  медошт. Бо ҷинояткорон, хосса онҳое, ки зидди сохти конститутсионӣ сар бардошта буданд, даст ба гиребон мешуд. Дар бораашон бепарда менавишт. Бар онҳо рӯҳану маънаван ғолиб меомад. Онҳо ночор мемонданд ва мегузаштанд ба таҳдиду фишор. Ҳатто шоҳидон мегӯянд, ки бо қотили худ лаҳзае баҳс доштааст. Ва, афсӯс, ки Ҳайдаршо ноҷавонмардии ин тоифа одамонро нодида гирифт, - гуфт Шерафган Латифов, подполковники милитсия, хотираҳояшро дар бораи Хушбахт Ҳайдаршо бо таассуф ба ёд оварда.
Дили бузурги Хушбахт Ҳайдаршоро панҷ тири қотили нохалафи мутааллиқ ба гумроҳони ба коми ҲНИТ афтида, субҳи 19 майи соли 1994 дар синни 35 - солагӣ аз задан боз мононд. Дасти касифи нохалафе  ҷавонмардеро аз миёни мо рабуд, ки ба ҷуз меҳри Ватан, сулҳу ваҳдат, шукуфоии Тоҷикистон муроде надошт…
Ҳайдаршоро дар баҳорон куштанд… Ӯро ҷисман аз байни муборизони роҳи ҳақиқату адолат бардоштанд, аммо навиштаҳои мондагораш имрӯз низ дили ҷавонони ватанпарварро ба ҳаяҷон меоранд. Баҳри рушди кишвари озоду демократӣ неру мебахшанд. Ӯ дар умри кӯтоҳ  корҳои зиёдеро анҷом дод. Тавонист парда аз рӯи мулломаобҳо бидарад ва чашми мардумро ба дарки ҳақиқат кушояд, онҳоро аз доми афсуни шаётин берун оварад, ба роҳи рост ҳидоят намояд… Ӯро душманон барои росткориаш куштанд… Аммо бо куштан ба мақсади нопоки худ нарасиданд. Баръакс, Ҳайдаршо баъд аз марг умри ҷовид ёфт.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Қурбон МАДАЛИЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.01.2018    №: 16    Мутолиа карданд: 676
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед