logo

иҷтимоиёт

ДАСТИ МЕҲР Ё ҲАРФЕ, КИ БОЯД ГУФТ

Таваҷҷуҳ ва ғамхории бемисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ниёзмандону ятимон вазъи иҷтимоии ин табақаи осебпазири ҷомеаро сол ба сол хубтару беҳтар месозад.
Ин ҳақиқатро мо зимни боздид аз мактаб - интернати №1 - и шаҳри Душанбе, ки 349 нафар кӯдаки ятиму бепарасторро ба таълиму тарбия фаро гирифтааст, мушоҳида кардем.
- Дар мактаб - интернат шароити хуби таълиму тарбия муҳайё карда шудааст. Таҳсил бо забонҳои тоҷикиву русӣ сурат гирифта, тарбиятгирандагон то синфи нуҳ дар ҳамин ҷо зиндагӣ  мекунанд. Сипас, тибқи нақша онҳоро барои таҳсил ба коллеҷу омӯзишгоҳҳое раҳнамун месозем, ки хобгоҳ дошта бошанд. Соли гузашта 25 нафар хатмкунандаи мо дар коллеҷҳои гуногуни  кишвар, инчунин,  4 нафар писар ва 1 нафар духтар ба  техникуми компютерии шаҳри Йошкар - Олаи Русия фиристода шуданд, ки айни ҳол таҳсил ва зиндагии хуб доранд, - мегӯяд сарвари парваришгоҳ Ҷамолиддин Амирхонов.
Ба гуфтаи мавсуф, мактаб - интернат аз ҷониби  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷиҳати моддӣ таъмин шуда, тарбиятгирандагон аз дастгириву ғамхориҳои доимии шаҳрдорӣ баҳраманданд. 40 нафар мураббӣ ба таври шабонарӯзӣ ба нигоҳубини кӯдакон машғул буда, дар мавсими тобистон наврасон дар лагерҳо ба фароғату истироҳат фаро гирифта мешаванд.
- Бо истифода аз шароити мусоиди чанд соли охир барои ятимон суратҳисоб кушодем, ки маблағи кумакпулии онҳо то ба воя расиданашон, ҷамъ мешавад. Намегузорем, ки фориғ аз  дарс  кӯдакони  мо                                         хастагиву танҳоиро эҳсос намоянд. Толорҳои варзишӣ, маънавиёт ва синфхонаҳо бо тамоми шароитҳои лозима мавриди истифодаи онҳо вогузор аст. Маҳфилҳои гулпарварӣ, табиатшиносон, кимиёгарони ҷавон, адабиётшиносони ҷавон, омӯзиши технологияи информатсионӣ ва ғайраҳо пас аз дарсҳо гузаронда мешаванд, ки аз ҷониби наврасон хеле хуб қабул мегардад, - илова кард ӯ.
Воқеан, аз саҳни ҳавлии тозаву озода, катҳои хоби бароҳат, ошхонаи барҳавои мактаб - интернат бармеояд, ки шароити тарбиятгирандагони он хубу ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир аст. Вале, Ҷамолиддин Амирхонов мегӯяд, ки бо вуҷуди тамоми кӯшишҳое, ки дорем, дар замири кӯдакони мо ҷойи волидайн ҳамчунон холӣ боқӣ мемонад. Мутаассифона, хеле кам ҳолатҳое ба назар мерасад, ки тарбиятгирандагонро ин ё он оила ба фарзандӣ қабул намояд. Ба ҳар ҳол, соли 2017 нисбати соли гузашта, шумораи волидон ду нафар зиёд гардид. Фикр мекунам, бо вуҷуди ғамхориҳои беандоза ҳар як кӯдаки ятим орзу мекунад, дасти навозиши падару модар сари онҳоро низ сила кунад. Аз ин рӯ, дар баробари дастгириҳои рӯзафзуни давлату Ҳукумат дар ҳаққи ятимону бепарасторон, хеле хуб мебуд, оилаҳое, ки имконият доранд, дар масъалаи фарзандхонии кӯдакони ниёзманд ҳавасмандӣ зоҳир намоянд. Муҳимияти масъала низ дар ҳамин аст. Ва ин ҳеҷ гоҳ маънои онро нахоҳад дошт, ки мо масъулияти худро ба дигарон бор кардан мехоҳем. Баръакс, мо танҳо мехоҳем, ки оянда низ сари ятимони мо баланду зери навозиши дастони меҳрпарвар бошад.
Сарвиноз ШОДМОНОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.01.2018    №: 16    Мутолиа карданд: 366

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед