иқтисод
ДАҲКАТСОЙ – ДАҲАНАСОЙ. МАРДУМ ИНТИЗОРИҲОИ ЗИЁД ДОРАД
Ба ифтихори оғоз ёфтани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 - 2028» аз рафти сохтмони хати оби Даҳкатсой - Даҳанасой нақл мекунем, ки барои ноҳияи мо аҳамияти бузург дорад. Ҳоло сокинони ҷамоатҳои деҳоти Ғазантарак, Яхтан, қисман Ҷамоати деҳоти Муҷун ва шаҳраки Ғончӣ аз танқисии об азият мекашанд ва баъди мавриди истифода қарор гирифтани хати оби мазкур ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии сокинон рушд хоҳад кард.
Бахти баланди сокинон аст, ки Сарвари давлат 16 ноябри соли 2015 ба диёри зебоманзари мо ташриф оварда, шахсан ба сохтмони хати оби Даҳкатсой - Даҳанасой оғози нек бахшиданд. Мардуми ноҳия аз ин иқдом шукргузорӣ намуда, умед аз он доранд, ки дар муддати кӯтоҳ заминҳои ташналаби онҳо аз об баҳравар гашта, соҳаи кишоварзӣ рӯ ба инкишоф меорад. Зеро, манбаи обтаъминкунии заминҳои кишоварзии ноҳия обанбори Даҳанасой аст, ки солҳои 70 - уми асри ХХ бунёд гашта буд ва ҳаҷми ғунҷоишаш 42 миллион метри мукааб аст. Агар ҳоло 8 - 10 миллион метри мукааб об захира карда шавад, баъди барқарор гардидан ва омадани оби Даҳкатсой ба зиёда аз 22 миллион метри мукааб мерасад.
Азбаски ноҳияи Деваштич ноҳияи аграрӣ ба ҳисоб меравад, соҳаи кишоварзӣ дар пешбурди иқтисодиёт нақши муҳим мебозад. Заминҳои корам дар миқёси ноҳия 36 448 га буда, аз он 32,3 дарсадашро замини обӣ ташкил медиҳад. Заминҳои обӣ асосан барои кишти картошкаву сабзавот, маҳсулоти полизиву меваҳо истифода шуда, барои обёрии заминҳои корам иқтидори Даҳанасой кофӣ нест. Дар шафати хати обгузари Даҳкатсой - Даҳанасой заминҳои лалмӣ мавҷуд аст, ки ҳангоми амалӣ гаштани лоиҳаи мазкур дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дигаргуниҳои иқтисодӣ ба назар хоҳад расид.
Дар қисмати болооби хати оби мазкур деҳаҳои Даҳкат, Хишекат Офтобрӯя, Росровут ҷойгир шудаанд, ки то имрӯз дигар имконияти васеъ кардани маҳали аҳолинишинро надоранд. Дар сурати амалишавии лоиҳа имконияти дар деҳаҳои номбурда бунёди маҳалҳои нави аҳолинишин ба нақша гирифта мешаванд. Ҳамчунин, қариб 50 000 аҳолӣ бо оби нӯшокӣ таъмин мегардад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки хароҷоти барои ин сохтмон равонагардида дар муддати кӯтоҳ ҷуброн хоҳад шуд. Айни ҳол, масъулини сохтмонро дар ҷараёни кор вохӯрда, шоҳид гаштем, ки тавассути тракторҳо қубурҳо хобонда шуда истодаанд. Мардум аз бунёди лоиҳа интизориҳои зиёд доранд.
Агар боре ба сари ин кори бузург қадам ранҷа намоед, эҳсос мекунед, ки халқ бо дастгириву таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои муаззами хеш чӣ сохтмони азимеро дар миқёси ноҳия оғоз кардааст. Роҳбарияти вилояти Суғд барои сохтмони ин иншоот беш аз 64 миллион сомонӣ ҷудо кардааст. Ба ҷуз ин, беш аз 164 ҳазор аҳолии ноҳия ҳиммат намуда, сохтмони онро суръат бахшиданд.
Маҳбуба ҶАМОЛОВА,
ноҳияи Деваштич
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.01.2018 №: 16 Мутолиа карданд: 917