иқтисод
НАНОТЕХНОЛОГИЯ. ҲАМҚАДАМИ ЗАМОН БОШЕМ!
Коршиносон нанотехнологияро роҳи пешрафти имрӯзу ояндаи ҷаҳон унвон кардаанд ва кишварҳои пешрафта барои рушди ин илм миллиардҳо долларро дареғ намедоранд. Дастовардҳои нанотехнология ҳоло дар илму истеҳсолоти соҳаи саноат, сохтмону тиб ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ истифода мешаванд. Алимаҳмад Холов, иҷрокунандаи вазифаи сарвари Пажӯҳишгоҳи физика ва техникаи ба номи Султон Умарови Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, номзади илми кимиё, зимни суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» дар ин бора чунин иброз дошт:
- Дар Тоҷикистон барои омода намудани маводи нанотехнологӣ ҷиҳати рушди иқтисодиёт бештар аз 100 элемент - захираи чашмрас мавҷуд аст. Мо ҳам бояд аз ин захираи бузург истифода бурда, ба таҳқиқгарони илми ҷаҳонӣ бипайвандем.
Ҳоло дар ҷаҳон қариб соҳае нест, ки аз дастовардҳои нанотехнология истифода нашавад. Хусусан соҳаи электроника бе нанотехнология пеш намеравад. Компютерҳо пештар дар асоси гузариши электронҳо фаъолият мекарданд. Ҳоло маълумот дар он ба воситаи рӯшноӣ пайдо мешавад. Айни замон компютерҳои квантӣ ҳам сохта истодаанд. Пештар маълумот дар магнитофонҳо сабт мешуду вақти зиёдро мегирифт. Ҳаҷми диску кассетаҳо ҳам калон буд. Ҳозир як асбоби хурд миқдори зиёди маълумотро дар худ ҷой мекунонад, ки кас дар ҳайрат мемонад. Як китобхонаи бузургро дар як чизи хурд ҷойгир намудан дастоварди нанотехнология мебошад.
Мо дар шуъбаи наномавод ва нанотехнологияи пажӯҳишгоҳ бо роҳи таҷрибавию назариявӣ сохтори маводи нано, хусусиятҳои хоси онҳоро меомӯзем ва маълумоти илмӣ ҳосил намуда, дар истеҳсолоти ҷумҳурӣ истифода бурдан мехоҳем. Мо маводи кристаллӣ дорем. Он дар асоси панҷараҳои кристаллие, ки сохтори муайян доранд, ҳосил мешавад. Акнун аз ҳисоби маводе, ки ба он ҳамроҳ мекунем, метавонем ҳарорат ва хусусиятҳои хоси оптикию механикии ашёро тағйир бидиҳем. Барои ҳосил намудани ин аз технологияи нанозарраҳо истифода мешавад. Ба наздикӣ бо роҳбарии академик Ҳикмат Муминов, ноиби президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, ҳосил намудани нанозарраҳои карбити силитсийро таҳқиқ карда, муайян намудем, ки ба воситаи зарраҳои аз карбити силитсий ҳосилшуда самаранокии панелҳои офтобиро дучанд кардан имконпазир аст. Як асбоби бо ин усул сохташуда дар дилхоҳ корхона дар тӯли як сол то 100 ҳазор доллар фоида оварда метавонад. Ҳоло ин ихтироъ ҳангоми сохтани панелҳои офтобӣ истифода бурда мешавад.
Мо аз дастовардҳои нанотехнология ба ваҷд меоему мехоҳем аз он дар ҳама соҳаҳо истифода барем. Вале бояд инро ҳам гӯем, ки нанотехнология барои инсон чандон безарар нест. Бояд пеши роҳи ба кишвар ворид шудани баъзе маҳсулоти бо усули нанотехнология истеҳсолшудаи ба саломатии инсон зарароварро бигирем.
Дар ҷисми инсон зарраи аз ҳама хурдтарин ҳуҷайра аст. Нанозарраҳо бошанд, аз ҳуҷайраҳо ҳам хурдтаранд ва дар дохили ҳуҷайраҳо ҷой гирифта, саломатии инсонҳоро зери хатар мегузоранд. Аз ин рӯ, маҳсулоти бо истифода аз нанотехнология истеҳсолгардида, ки ба ҷумҳурӣ ворид мешавад, бояд ҳатман аз санҷиши бехатарӣ гузарад.
У. МУРОД, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.01.2018 №: 16 Мутолиа карданд: 779