logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКОБОД. НОРАСОИИ КАДРҲО ҲАНӮЗ ҲАМ ЭҲСОС МЕШАВАД

Дар ноҳияи Тоҷикобод эҳтиёҷ ба мутахассисони баландихтисос ва соҳибтаҷриба дар бахши тандурустӣ зиёд гардидааст. Фаъолияти самарабахши кадрҳо бошад, омили асосии пешрафт дар ҳама соҳаҳо мебошад. Аз як ҷиҳат он ба дараҷаи тахассуснокии худи кадрҳо вобаста бошад, аз ҷониби дигар ба ҷобаҷогузории дурусти онҳо алоқаманд аст.

Ин масъала аз ҳисоби квотаҳои ҷудонамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал гардида истодааст. Мутаассифона, пас аз соҳиби маълумоти олӣ шудан ҷавонон ё дар шаҳри Душанбе мемонанд ё бо барпо намудани оила (махсусан духтарон) ба ноҳия барнамегарданд, ки ин, албатта, боиси нигаронии роҳбарияти ноҳия гардидааст.
Рустам Раҷабзода сардухтури беморхонаи ноҳияи Тоҷикобод, мегӯяд, ки соли гузашта 7 нафар табибон бо маълумоти олӣ ва 19 нафар кормандони миёнаи тиббӣ бо кор таъмин шуданд, вале ин масъаларо пурра ҳал накард. Аз ҷумла, аз рӯи ихтисосҳои табиби оилавӣ, бемориҳои дарунӣ, кӯдакона, неонатологҳо, бемориҳои занона, табибони эҳёгар, чашм, пӯст, бемориҳои рӯҳӣ, нарколог, нуршинос (рентген) ва мутахассиси озмоишгоҳ, ҷамъулҷамъ 48 нафар мутахассис намерасад. Баҳри баланд бардоштани савияи дониши кормандон соли гузашта 3 нафар табибон ва 7 нафар кормандони миёнаи тиббӣ ба курсҳои бозомӯзӣ оид ба тибби оилавӣ фаро гирифта шуданд.
“Дар ноҳия чор шифохонаи дорои 180 кати табобатӣ амал менамояд. Шумораи духтурони маълумоти олидор 59 нафарро ташкил дода, 6 нафари онҳо дорои категорияи олӣ, 7 нафари дигар  бо категорияҳои якуму дувум ва 193 нафар кормандони миёнаи соҳаи тиб ба зиёда аз 44 ҳазор аҳолӣ хизмат мерасонанд. Шумораи марказҳои саломатӣ ба 5 адад ва бунгоҳҳои тиббӣ ба 21 адад мерасад”, - мегӯяд Р. Раҷабзода.
Соли 2017 бинои маркази саломатии Ҷамоати деҳоти Нӯшор бо маблағи 142 ҳазор сомонӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Ҳамчунин, он ба маблағи 14 ҳазор сомонӣ бо таҷҳизоти тиббии ҳозиразамон таъмин гардид. Аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ таъмири асосии бинои маъмурии беморхонаи марказии ноҳия ва қисмати берунии шуъбаи бемориҳои даруна ба анҷом расида, аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ шуъбаи касалиҳои сироятии беморхонаи марказӣ пурра аз таъмир бароварда шуд. Инчунин, таъмири асосии беморхонаи минтақавии Ҷамоати деҳоти Ширинчашма бо маблағгузории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид.
Дилшод АМИРОВ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.01.2018    №: 16    Мутолиа карданд: 263

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед