logo

иҷтимоиёт

НУРОБОД. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ ХОҲЕМ СОХТ

Иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия аз ҳисоби андозҳои маҳаллӣ 103, 2 фоиз таъмин гардида, ба буҷет ба ҷойи 5 919 700 сомонӣ 6 133 339 сомонӣ ворид шуд, ки дар муқоиса ба соли пешӣ 306 569 сомонӣ зиёд аст. Дар маҷмӯъ ба суратҳисоби  хазинадории ноҳия аз ҳамаи манбаъҳои мавҷуда 32 854 700 сомонӣ ворид гардид.

Ин матлабро Дӯстзода Ҳасан, раиси ноҳияи Нуробод, зимни ҷамъбасти натиҷаҳои рушди  иҷтимоию иқтисодии  ноҳия дар  соли 2017 баён намуд. Ӯ таъкид кард, ки нақшаи қисми хароҷоти буҷет дар давраи ҳисоботӣ 98,7 дарсад таъмин гардида, пардохти музди меҳнат ва маош 22 308 786 сомонӣ ё 100 дарсади нақшаи пешбинишударо ташкил дод.
Соҳибкорони маҳаллӣ, ки шумораашон қариб ба 250 нафар мерасад, дар рушди  иҷтимоию иқтисодии  ноҳия нақши чашмрас доранд.
Дар соли сипаригашта бунёди 24  иншоот аз тарафи вазорату кумитаҳо ба маблағи 27 696 122 сомонӣ ба нақша гирифта ба маблағи, 21 119 694 сомонӣ корҳо иҷро шудаанд. Инчунин, аз тарафи соҳибкорон ва саҳми мардум 48 иншоот ба маблағи 16 751 600 сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки то ин замон ба маблағи қариб 10 миллион сомонӣ кори сохтмону васлгарӣ ба анҷом расидааст. Дар остонаи ҷашнҳои Наврӯз, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  нуздаҳ иншоот ба маблағи қариб 22 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифт. 
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ дар деҳаи Кумбаки Ҷамоати   деҳоти ба номи Иззатулло Ҳалимов барои 80 хонанда ба маблағи 344,6 ҳазор сомонӣ ва бо дастгирии соҳибкор Сайвалӣ Саидов муассисаи таҳсилоти ибтидоии ҳамин деҳа барои 80 хонанда ба маблағи 144, 2 ҳазор сомонӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд. Ҳамзамон, дар назди муассисаҳои таълимӣ бо дастгирии волидон ва соҳибкорони маҳаллӣ 18 синфхонаи иловагӣ сохта ба истифода дода шуд.  
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод, роҳбарони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорону эҳсонкорон ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон, ятимон, маъюбон ва оилаҳои ниёзманд таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ба онҳо ёрии доимии  пуливу молӣ мерасонанд.
Раиси ноҳияи Нуробод баъд аз таҳлили амиқи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия бо қаноатмандӣ зикр кард, ки соли гузашта 158 хатмкардаи муассисаҳои таълимии ноҳия тавассути  Маркази миллии тестӣ ва 22 нафар тибқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои олии кишвар дохил шуд.
- Боварии комил дорам, ки  сокинони заҳматқарини ноҳияи Нуробод бо пуштибонӣ аз сиёсати созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ баҳри боз ҳам зебою шукуфон гардидани ин гӯшаи хушманзари диёр талош хоҳанд кард, – иброз дошт Дӯстзода Ҳасан.
Гулнисои САЪДОНШО,
 “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.01.2018    №: 16    Мутолиа карданд: 273

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед