logo

иқтисод

РОМИТ. ДАРАЕ, КИ БАРОИ САЙЁҲӢ КАМНАЗИР АСТ

Гурӯҳи тарғиботии мо доир ба шарҳу баррасии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таҳти роҳбарии мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Юсуфҷон Юсуфзода, вакили Маҷлиси намояндагон, профессор Ҷамшед Муртазоқулов, устодони ДМТ А. Сафарзода, Р. Раҳмонӣ бо сокинони шаҳри Ваҳдат вохӯриҳои судманд гузаронданд.

Ю. Юсуфзода дар бораи амнияти кишвар, сулҳу осудагӣ, маърифати истифодабарии техникаву технологияи муосир ва интернет, ки асоси пешрафти ҷомеа ҳастанд, ҳарф зада, суханронии худро бо суханони Пешвои миллат тақвият дод. Аз ҷумла, таъкид гашт, ки дар соли 2017 зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифтааст ва ин сокинони кишвари моро ҳушдор медиҳад, ки ба амнияту осудагии давлат бетарафӣ накарда, ҳамкориро бо ниҳодҳои дахлдор оқилона ба роҳ монанд.
Ҷ. Муртазоқулов моҳияти Паёмро ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ шарҳ дода, самаранок истифода бурдани гиёҳҳо ва обҳои шифобахш, бахусус дар мавриди ободтару зеботар гардондани дараи Ромит, пешниҳодҳои муфид ироа намуд. Мавсуф изҳор дошт, ки бо меҳнати софдилона, рушди ҳунарҳои мардумӣ, сохтани дукону меҳмонсаройҳои муосир Ромитро ба яке аз маконҳои муҳимтарини сайёҳии кишварамон табдил диҳем. Инчунин, аз дараи Ромит ҷамъ овардани ҳазорон навъ гиёҳ ва дар оянда аз онҳо истеҳсоли дорувории ватанӣ тавсия гардид.
Р. Раҳмонӣ ёдовар шуд, ки донишҷӯёни факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар 10 - 15 соли охир борҳо ба шаҳри Ваҳдат, минтақаи зебоманзари Ромит барои гирдоварии унсурҳои бостонии фарҳанги мардум омада, аз мардум афсонаву ривоят, суруду таронаҳо, рақсу бозиҳоро сабт карда, дар бораи ҳунарҳои мардумӣ ба мисли табақтарошӣ, гаҳворасозӣ, сабадбофӣ, заргарӣ, қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ, шерозбофӣ ва ғайра маълумоти нодир ҷамъ оварданд.
Зимнан, аз сокинон хоҳиш карда шуд, ки имсол дукон, дегдон, танӯрхона, ошхона, бахусус дастшӯю ҳаммому ташнобҳои худро ба шакли замонавӣ, тозаву озода ва шинам сохта, барои қабули сайёҳон ва муаррифии Тоҷикистон аҳли оила ва фарзандони худро омода созанд. Дар ин росто, Пешвои муаззами миллат сохторҳои марбутаро вазифадор карда, имтиёзҳои хуберо фароҳам оварданд: «Вобаста ба таҳлили хусусиятҳои хосси ҳар як минтақа, захираҳои табиӣ ва инсонӣ, иқлим ва шароити ҷойгиршавии онҳо бояд таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ фаъол гардонда шавад. Бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шавад».
Аз тарафи раиси шаҳр ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки дар самти роҳи Роғун ва Норак, ки дар оянда аз ин масир сайёҳон зиёд мегузаранд, барои сохтмони дуконҳои фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ замин ҷудо карда шавад.
Сокинони шаҳри Ваҳдат аз мулоқоту суҳбатҳои фаъолони гурӯҳи тарғиботӣ бори дигар дарк карданд, ки Паём раҳнамои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсӣ аст ва бо такя бар он дурнамои тамоми фаъолиятҳои ҷамъиятиву давлатиро метавон ба роҳ монд.
Равшан РАҲМОНӢ,
профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.01.2018    №: 16    Мутолиа карданд: 728
12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД

Лавров барқарорсозии кори «формати Москва»-ро зарур шумурд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

ТАШКИЛИ ЯРМАРКА - ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХУҶАНД

МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ

УНВОНУ ДАРАҶАҲОИ ИЛМИИ РОССИЯВУ ТОҶИКИСТОН БАРОБАРАРЗИШ МЕШАВАНД

02.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ВМКБ ВА 5 НОҲИЯИ ХАТЛОН НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ПАК БЁН СОК

ҶОНИБДОРИИ ВАНХЁРК АЗ МУКОЛАМАИ ВАШИНГТОН БО МОСКВА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.04.2021


ЛИГАИ ОЛӢ. Бори аввал легионерҳои нидерландӣ ва ҷопонӣ ҳунарнамоӣ мекунанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед