logo

Хабарҳо

ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 171 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

Соли гузашта Палатаи ҳисоб дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳо ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 349 санҷиши аудиторӣ гузаронда, ба маблағи 171,4 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуд.

Дар ин бора Заъфар Азимӣ, муовини раиси Палатаи ҳисоб, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ки аз ҳисоби умумии маблағҳои ошкоргардида 8,6 миллион сомонӣ хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ, 4,7 миллион камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ, 15 миллион изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ, 65,5 миллион зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ, 18,3 миллион талафи воситаҳои пулию молӣ, қариб 60 миллион сомониро маблағҳои камҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо ташкил медиҳанд. Инчунин, санҷишҳои аудиторӣ истифодаи ғайримақсаднок ва ғайрисамараноки воситаҳои давлатиро ба маблағи 81 миллион сомонӣ, захира ва талафи буҷетро ба маблағи беш аз 120 миллион сомонӣ ошкор сохт.
- Дар ин давра ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳое, ки зимни санҷиш ошкор гардидаанд, 52,2 миллион сомонӣ ба буҷети мамлакат ворид шуда, зарари молиявии ташкилоту муассисаҳо ва субъектҳои хоҷагидор ба маблағи 82 миллион сомонӣ барқарор карда шуд, - афзуд Заъфар Азимӣ.
Шаҳбоз АБРОР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 359

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед