иқтисод
ЗИМИСТОНИ ГАРМ. АЗ ЭҲТИЁТ КОР БИГИРЕМ!
Зимистони имсола гарм омад. Ҳарорати миёнаи ҳаво алҳол 1 – 3 дараҷа мебошад. Тавре аз Маркази обуҳавошиносии кишвар дар ин бора иттилоъ доданд, моҳҳои декабр - январ боридани боришот дар ҷумҳурӣ кам ба қайд гирифта шудааст.
Ба гуфтаи Парвина Саидҷамолова, муовини директори Маркази обуҳавошиносӣ, сабаби асосии гарм омадани зимистони солҳои 2017 – 2018 ин ба Тоҷикистон ворид нашудани ҳавои намнок аз минтақаи Атлантика мебошад. - Новобаста аз он, ки шаби 17 ба 18 - уми январи соли ҷорӣ дар бисёр минтақаҳо барф борида бошад ҳам, ҳарорати ҳаво то охири моҳи январ, хусусан дар водиҳо то 17 дараҷа гармӣ дар назар аст. Моҳи феврал низ аз рӯйи пешгӯӣ як – ду дараҷа гарм мешавад. Аммо дар минтақаҳои кӯҳии тобеи марказ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорат ду дараҷа хунук шуда, бориш ба амал меояд, - гуфт Парвина Саидҷамолова.
Албатта, тағйири боду ҳаво дар ҳама фасли сол ба солимии аҳолӣ ва фаъолияти соҳаҳои пешбарандаи ҷомеа таъсир мерасонад ва зуҳуроти манфӣ, аз қабили норасоии ғизо, хуруҷи бемориҳои дил, никрис (подагра), мигрен (дарди сар), дарди буғумҳо ва амсоли инҳоро ба миён меоварад. Аз ин лиҳоз, истилоҳи «норасоии ғизо» ба омори байналмилалии таснифоти бемориҳо ворид гардида, ҳамчун мушкили «ғизо ва беморӣ» дониста мешавад.
Барои сари вақт пешгирӣ кардани бемориҳои хуруҷёбанда аз таъсири тағйирёбии боду ҳаво ва табобат намудани онҳо дар ҷумҳурӣ муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ» ҳамроҳ бо муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» кор мебаранд.
Илҳом Бандаев, директори маркази тибби оилавӣ, дар ин бора иброз дошт, ки муассисаҳои тиббӣ ба аҳолӣ ва мутахассисони самти шабакаи ёрии аввалияи тиббию санитарӣ пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Зеро ҳамкории бемор бо табиб хеле муҳим мебошад. Аз аҳолӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои ин ё он намуди беморӣ, махсусан дар вақти дигаргуншавии боду ҳаво, ҳатман ба табиби оилавии минтақавӣ муроҷиат намоянд. Мутаассифона, дар ҷумҳурӣ ҳанӯз қисми ками аҳолӣ ба тибби оилавӣ таваҷҷуҳ мекунад. Барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ маҷмӯи дастурамал оид ба ташхис ва табобати беморон дар сатҳи ёрии аввалия ба роҳ монда шудааст, ки дар доираи он беморон ба табобат ва пешгирии бемориҳо фаро гирифта мешаванд.
О. ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.01.2018 №: 17-18 Мутолиа карданд: 694