logo

сиёсат

НАТИҶАГИРИҲО БАЁНИ ВОҚЕИЯТ НЕСТ

Мулоҳизаҳо дар ҳошияи гузориши баъзе созмонҳои байналмилалӣ
Натиҷагириҳои Созмони байналмилалии Human Rights Watch (HRW) ва баъзе созмонҳои дигари байналмилалӣ дар қиболи Ҷумҳурии Тоҷикистон баёни воқеият нестанд.
 
Бояд таъкид кард, ки Созмони байналмилалии Human Rights Watch (HRW) ҳама чиро аз рӯйи меъёрҳои ба худ маъқул андозагирӣ мекунад ва он чиро ки ба талаботи созмон мухолифат намекунад, кашф ва интишор медиҳад. Ин нуктаро на як бору ду бор, балки дар ҳисобу китоби ин созмон зиёд ба мушоҳида гирифтан мумкин аст. Аз тарафи дигар, дар қаламрави ҷумҳурӣ чӣ гуна саркӯбӣ ба амал омадааст ва аслан киро саркӯб кардаанд, мушаххас нест. Зиёда аз ин, таъбири ҳангомасози “саркӯби саросарии озодии баён” ва “фаъолияти сиёсии осоиштаи мухолифин” ба унвони маҳдуд шудани озодии баён дар ҷумҳурӣ талаққӣ шудааст.
Гумонам, ин созмон ба воҳима кардан ва ҳангома сохтан ва аз ин тариқ дар сатҳи доираҳои норизои мамолики рӯ ба тараққӣ маҳбубият касб кардан чунин навъи гузоришҳоро пахшу нашр мекунад. Ҳол он ки воқеияти замонию маконӣ чизи дигарро бозгӯ мекунад: агар дар Тоҷикистон саркӯбии озодии баён мушоҳида мешуд, сомонаю расона ва ҳафтаномаҳои мустақил ба нашри матолиби интиқодӣ иштиғол варзида наметавонистанд. Имрӯз дар фазои иттилоотӣ ва фарҳангии ватанӣ ҳафтаномаҳои “Фараж”, “Самак”, “Озодагон”, “Миллат” ва амсоли инҳо ба интишори маводи таҳлилӣ ва интиқодӣ машғуланд ва касе пеши роҳи пахши иттилоот ва матолиби интиқодиро нагирифтааст. Матбуоти озод дар доираи риоёти қавонини байналмилалӣ ва дохилӣ фаъолият карда истодааст. Убур кардан аз марзи қонун ва асноди меъёрии ҳуқуқӣ дар ҳама ҷо вайрон кардани муқаррарот ва ҷиноят ҳисобида мешавад. Бинобар ин, бастани расона ё ҳафтаномаҳое, ки меъёрҳои ҳуқуқиро нақз мекунанд, талаботи қонун аст ва инро ба озодии баён рабт додану аз ин ҳисоб ҳангомапароканӣ кардан салоҳи кор нест.
Дар мавриди озодона фаъолият кардани созмону аҳзоби сиёсии мухолиф ҳаминро гуфтан мумкин аст, ки ҳизбҳои сиёсие, ки бо Ҳукумат ихтилофоти усулӣ ва барномавӣ доранд (Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиал - демократии Тоҷикистон, Ҳизби демократии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва амсоли инҳо) дар қаламрави ҷумҳурӣ озодона фаъолияти сиёсӣ ва ҳизбӣ мекунанд ва ҳеҷ кас ё мақомоти давлатӣ монеи иқдомоти аҳзоби сиёсии мухолиф нашудааст. Агар манзури Созмони байналмилалии Human Rights Watch (HRW) аз интиқодоти фаъолияти сиёсӣ дар Тоҷикистон Ташкилоти экстремистӣ - террористии ҲНИТ бошад, метавон арз кард, ки ин созмони сиёсӣ аз доираи ваколатҳои худ баромада, худаш роҳро барои муколимоти сиёсӣ ва фарҳангӣ бо Ҳукумат бубаст ва ҳадафҳои ғайримашрӯи ба даст овардани султаро дар қаламрави Тоҷикистон тарҳрезӣ намуд. Муҳимтар аз ин, ТЭТ ҲНИТ барои ба ҳадаф расидан аз пуштибонии доираҳои мазҳабӣ ва созмонҳои сиррии қудратҳои минтақавӣ истифода бурд. Гузашта аз ин, тайи фаъолияти сиёсӣ ба ҷойи он ки майдони муколимоти озод ва бидуни қайду банди шаҳрвандиро бо пайравони адёну мазоҳиби дигар ва махсусан, созмонҳои дунявӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ тавсеа бахшад, ба парокандани хурофоту таассуби динӣ - мазҳабӣ машғул шуд ва охируламр фазои мағшуши ҷаҳолати мазҳабиро дар сатҳи иҷтимоӣ “бозсозӣ” намуд. Дар ин ҳолат буд, ки давлат ва Ҳукумат дар асоси қонун фаъолияти онро мамнӯъ эълон дошт ва танҳо аъзои Шӯрои сиёсии ТЭТ ҲНИТ - ро, ки дар табаддулоти сиёсию интизомӣ даст доштанд, ба ҷавобгарӣ кашид (аъзои дигари он, ки муртакиби ҷиноят нашудаанд, озодона кору фаъолият намуда истодаанд). Дар кадоме аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ин кор сурат намегирад?
Бинобар ин, вақте ки дар бораи озодии баён ва фаъолиятҳои озоди сиёсии созмонҳои сиёсии мухолиф сухан меравад, на сарсарӣ, балки онро дар маҳдудаи сиёсӣ ва фарҳангӣ бояд баррасӣ кард, на аз он ҳангома сохт.
Дар масъалаи “бедалел” пушти панҷара бурдани фаъолони сиёсӣ ҳаминро таъкид кардан басанда аст, ки шумули чандин вакили мудофеъ ва журналист, ки гӯё “бедалел пушти панҷара боқӣ мемонанд” дар нақзи қавонини мавҷуда муқассиранд ва аз онҳо тарошидани бегуноҳ ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин “шоҳкор” ҷор задан ҳоло маънои бегуноҳӣ ва мубарроии тоифаи болоиро надорад. Ҷурму гуноҳи онҳо дайн ва тибқи муқаррароти қонун ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.
Дар доираи талаботи қонунгузорӣ бозпурсии гумонбаршудагон ва хешовандони онҳо барои мушаххас кардани вазъияти ҷиноятӣ, таъйини ҷинояткор, амалҳои ҷиноятӣ ва амсоли инҳо барин ҷузъиёту куллиёти самти тафтишотӣ аз кай боз гуноҳ шинохта мешавад? Мақомоти марбутаи давлатӣ, фаразан нафареро ба сифати шоҳид барои мушаххас кардани таркиби ҷиноят ба пурсиш даъват кунанд, муртакиби ҷурму хато мешаванд? Бояд ин корро накунанд ва нишинанд, ки омилони ҷиноят ва ҷиноятпешагон дар ҳар ҷо ба номи Ҷумҳурии Тоҷикистон иснод биёваранд ва давлати миллиро таҳқир намоянд?! Гурӯҳҳое, ки созмонҳои ҳуқуқи башар аз онҳо ёд мекунанд, на ба интиқоди мунсифона, балки ба таҳқири давлат ва шахсиятҳои дараҷаи аввали Ҳукумат машғуланд ва баъзе созмонҳои бонуфузи аврупоие, ки аз демократия ва озодандешӣ  ҳарф мезананд, аз терроризми динӣ - мазҳабӣ  дар симои ин  тоифаи ватанфурӯш ва мазҳабзада пуштибонӣ мекунанд ва ҳуқуқҳои онҳоро ба сифати “фаъолони сиёсӣ” ҳимоят менамоянд. Ин аст  демократияи  баъзе  доираҳои  аврупоӣ, ки як  иддаи   мазҳабзадаро   ба    унвони  “фаъолони сиёсӣ” ва “зиндониёни сиёсӣ” пуштибонӣ мекунанд.
Тарғиби либоси миллӣ ва ба ин васила ҷилавгирӣ намудани раванди бегонашавӣ, ки давлат таҳти пуштибонӣ қарор додааст, чӣ бадӣ дорад, ки созмонҳои байналмилалӣ аз ин тасмими давлатӣ сари тарс доранд. Охир, либоси миллӣ баёнгари зоҳиру ботини миллат аст ва миллат танҳо аз роҳи ба намоиш гузоштани аносири ҳуввиятии худ метавонад, дар миқёси байналмилалӣ ҷойгоҳ пайдо намояд ва роҳро барои мубодилоти фикрию эстетикӣ бо дигар ақвому милал ҳамвор созад. Дар мавриди сатр. Фикр мекунам, коршиносону донишмандони диншиноси ватанию хориҷӣ хуб медонанд, ки сатр чист ва барои чӣ пӯшида мешавад. Аз назари психологӣ,  сатрпӯш ба дигарон як навъ даъворо пеш меоварад ва муддаии покии худ буда, дигаронро дар баробари худ ноқис ва беҷогард нишон медиҳад. То он даме, ки дигар занон сатр напӯшанд, онҳо дар назари ин ашхос нопок ва кофиру бедин шинохта мешаванд. Ин гуна занҳо, ки огоҳона ва ҳадафмандона сатр мепӯшанд ва миёни ҷомеа ҷилва мекунанд, пеш аз ҳама, даъво пеш меоваранд ва худро аз дигарон бартар нишон медиҳанд. Дар асл, онҳо бо шакли намоишӣ симо ва амалашонро зоҳир мекунанд ва таблиғоти динӣ - мазҳабии мақсаднокро анҷом медиҳанд. Ин аст, ки давлат бар мабнои таҳқиқотҳои илмӣ ва фаннӣ бо сатр бархӯрд мекунад, чун медонад, ки ривоҷ ёфтани он ихтилофоти мазҳабӣ ва ташаннуҷи хурофоти диниро ба дунбол дорад. Ҳеҷ боварам намеояд, ки созмонҳои байналмилалӣ ин нуктаҳоро надонанд. Медонанд, вале барои ҷорӣ намудани ба ном демокросии шарқӣ ин иқдомотро пиёда менамоянд. Бинобар ин, он чи ки ба унвони хулосаю натиҷагирӣ аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ироа мегарданд, ҳанӯз баёни воқеияти зиндагии миллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвар нестанд ва наметавонанд ниёзҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фикрӣ, ҳуқуқӣ ва мадании мардуму ҷомеаи тоҷикро бароварда созанд. Мо назарот ва натиҷагириҳои созмонҳои байналмилалиро дар қиболи Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиром мекунем, вале ақлу зеҳнамон қабул кардани нукоти онҳоро, ки баъзан муғризонаанд, иҷоза намедиҳад.
Фаридун ОРИЁӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.01.2018    №: 17-18    Мутолиа карданд: 406

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед