logo

номаҳо

ПЕШНИҲОДИ ЯК ШАҲРВАНД

Дар арафаи соли нави мелодӣ дар назди бозори навбунёди Ховарон, ки ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 29 хеле наздик аст, дар канори роҳ дар дохили мошини худ бо ҳамроҳии фарзандам Ножуваш нишаста будам. Дар ин ҳангом каме пештар аз мо мошине истоду ронандаи он марде бо либоси ҳарбӣ дар рутбаи лейтенанти калон 3 нафар кӯдакро аз мошин фароварду худ сари чанбараки мошин нишаста рафт. Дар ин лаҳза мо дар ҳайрат будем, ки он атфол ба куҷо хоҳанд рафт, зеро ки як тарафи кӯча ҳеҷ макони истиқоматӣ надошту барои ба тарафи дигари он гузаштан бояд то бозори Ховарон ҳудуди 200 метр ба гузаргоҳи расмӣ пиёда рафт. Писарбачаи калонӣ, ки тақрибан 13 - 14 сол дошт, хоҳару бародари хурдсоли худро гирифта, рафти босуръати нақлиёти роҳро сарфи назар намуда, ба нимароҳи хиёбони С. Айнӣ гузашту онҳоро аз девораи роҳ гузаронда, ба ҷониби дигари хиёбон раҳсипор гардид. Ба ишораву пешниҳодҳои мо комилан эътибор надод.
Чунин амали кӯдакон ва бахусус ронандаи рутбадор (аз муомила бо онҳо маълум буд, ки робитаи қавии хешутаборӣ доранд) маро водор намуд, ки ҳамчун шаҳрванд аз рӯи тавсияву тавзеҳоти аҳли оила ба шаҳрдорӣ пешниҳоди мушаххас намоям. Дар кишварҳои пешрафтаи дунё истифодаи таҷҳизоти сабт (фиксатор) кори маъмулӣ мебошад. Мутаассифона, чунин таҷҳизот дар мошинҳои шаҳри мо аҳён - аҳён ба назар мерасад ва, аз ин рӯ, ба мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе пешниҳод менамоям, ки дар бораи насби ҳатмии чунин таҷҳизот қароре содир намоянд.  Он имкон фароҳам меоварад, ки дар бораи садамаҳои содиршуда маълумоти воқеии раднашавандаро ба даст оваранд. Дар ҳолатҳои мубоҳисавӣ чунин сабтҳо далели қотеъ хоҳанд гашт. Табиист, ки ба ин пешниҳод аксарият зид мебароянд, зеро насби таҷҳизот масрафи муайяни маблағро талаб менамояд. Бинобар ин, иловатан пешниҳод месозам, ки дар сурати ирсоли сабт (бе ишораи ному насаб, танҳо бо истифодаи рамз) оид ба қоидавайронкунӣ ба мақомоти муқарраршуда шахси сабти ҳодисаро ирсолнамуда аз пардохти маблағи ҷарима (ба миқдори ҷаримае, ки ронандаи мошини сабтшуда содир намудааст) озод карда шавад (агар дар соли ҷорӣ шахси сабтирсолкунанда ягон қонунвайронкунии маъмурӣ содир карда бошад).
Ҷамила РУСТАМОВА,
омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи
умумии № 29 – и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.01.2018    №: 19    Мутолиа карданд: 397

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед