logo

фарҳанг

ТОҶИКОБОД. НИГОРАҲО ҶУЗЪИ ТАЪРИХАНД

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Тоҷикобод  тадбирҳои судманд роҳандозӣ шуда истодаанд. Тавре  Нодираи Маҳмадисо, раиси ноҳияи Тоҷикобод ба мо иттилоъ дод барои  ҳамкорӣ ғанӣ сохтани фонди нигораҳо ва бозёфтҳои нодири таърихӣ барои осорхонаи тозаташкили таърихӣ  - кишваршиносӣ аз сокинони ноҳия даъват ба амал оварданд. Раиси ноҳия, ҳамчунин, зикр намуд, ки ёдгориҳои таърихӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ (дар ҳама шакл) бояд дар осорхона ҳифзу нигоҳдорӣ шаванд.

Ба гуфтаи ӯ, ёдгориҳои таърихӣ дар водии Рашт, аз ҷумла дар ноҳияи Тоҷикобод  камшуморанд. Дар ноҳия объектҳои мероси таърихию фарҳангии аҳамияти ҷумҳуриявидошта ба қайд гирифта нашудаанд. Аммо ин маънои онро надорад, ки Тоҷикобод аз ёдгориҳои таърихӣ орӣ бошад. Тоҷикон дар масири таърих на танҳо дар водиҳои фарох, балки дар кӯҳистон низ кушку қалъаҳои зиёд бунёд намудаанд, ки ҳар кадом ба сарнавишти халқ алоқаманд аст. 
Дар баъзе маъхазҳои таърихӣ, аз ҷумла дар китоби «Тоҷикон» - и Бобоҷон Ғафуров оид ба дар асрҳои XI – XII мавҷуд будани Қалъаи Лаби об бо истеҳкомҳояш ишора рафтааст.
Солҳои 80 – уми асри гузашта ҳангоми васеъ намудани заминҳои корам дар қисмати шимолии деҳаи Гулистон махзани гаронбаҳо ёфт гардид, ки он аз қурхона, қабрҳои сафолин, устухони одамон, кӯзаҳо ва дигар ороишот иборат буд. Мувофиқи баҳои муҳаққиқон ашёи номбурда ба асрҳои миёна мутааллиқ будаанд. Маълум мешавад, ки дар ин сарзамин аз қадим тоҷикон зиндагӣ мекарданд ва ба ҳунарҳои мардумӣ машғул буданд. 
Соли 1986 зимни ҳамвор намудани замини бинои литсейи касбӣ - техникии № 3 нуҳ кӯзаи калони дарозиашон зиёда аз ду метра дарёфт гардида буд. Соли 1979 бошад, зимни кушодани роҳ дар наздикии деҳаи Ғанишоб табарчаи мисин ёфт шуд.
Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2008 № 274 «Дар бораи таъсиси мавзеъҳои муҳофизатии объектҳои ғайриманқули мероси таърихию фарҳангӣ» комиссияи ҳифз ва истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангии ноҳия аз рӯйи сарчашмаҳои хаттӣ дақиқ намуд, ки дар ноҳия шаш ёдгорӣ дар шакли бино ва се ёдгорӣ дар шакли манзара мавҷуд мебошад.
- Вақти он расидааст, ки ёдгориҳои таърихӣ ва дастовардҳои замони муосир низ дар ҷойҳои махсус  ҳифзу нигоҳдорӣ шаванд. Аз ин лиҳоз, ташкили осорхонаи таърихӣ – кишваршиносӣ зарурати воқеист.
Ҳамчунин, барои аз нестшавӣ ҳифз кардани биноҳои таърихӣ ва таъмиру таҷдиди онҳо андешидани чораҳои иловагӣ дар назар аст, - гуфт Нодираи Маҳмадисо.
Худодод ЗАЙНИДДИН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.01.2018    №: 19    Мутолиа карданд: 247

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед