logo

иҷтимоиёт

ПОЙТАХТ Ё ДУШАНБЕИ ҲАМЕШАБАҲОР

Душанбе - пойтахти кишвари азизамон чи дар гузашта ва чи имрӯз бо гулҳои рангорангаш мавриди таваҷҷуҳи меҳмонони дохилу хориҷ гардидааст. Ҳамон суруди машҳури «Гулҳои Душанбе» дар иҷрои овозхони маъруф  Махфират Ҳамроқулова ба ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ шиносу писанд аст ва гувоҳи фарҳангу тамаддуни воло, гулдӯсту гулпарвар ва гуландому гулназар будани мардуми мост. Агар гулҳои Душанбе дар гузашта фақат дар баҳору тобистон ба назар ҷилвагар буданд, имрӯз дар чор фасли сол шукуфонанд.
Азизулло Зиёзода, сардори Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, зимни суҳбат иброз дошт, ки дар даҳ гармхона, ки ҳар яке аз 4 то 6 сотих аст, парвариши гулҳои гуногун ва мутобиқ ба чор фасли  сол ба роҳ монда шудааст. Масалан, ҳашт намуди гули садбарг, аз ҷумла сурху сафед, гулобӣ, сиёҳ, зард нигоҳубин мешавад, ки аз онҳо асосан қаламча мегирем ва дар фасли баҳор дар аксари гулгашту хиёбонҳои шаҳр мешинонем.
Ба гуфтаи Абдурасул Абдураҳимов, сарагрономи муассисаи мазкур,  аз оғози моҳи март тухми беш аз дувоздаҳ навъи гул шинонда мешавад. Сипас, онҳоро ягона карда, дар тубакҳо, ки хокаш аз минералҳои зарурӣ ғанист ва барои гуволиши ниҳолҳо мусоид аст, мешинонанд. Дар гармхонаҳо, ҳамчунин, ниҳолҳои ҳамешасабз, аз ҷумла санавбар, сарв ва буттагиҳо - роки испанӣ, ресклети японӣ, сирени ҳиндӣ парвариш карда мешавад.
- Эълон гардидани соли 2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ масъулону мутасаддиён ва дар умум ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро муваззаф месозад, ки бо эҳсоси ватандӯстӣ уҳдадориҳои худро дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намоянд. Моро зарур аст, ки Ватани азизамонро ба  сайёҳону меҳмонони хориҷӣ ҳамчун кишвари мутамаддин, ободу зебо ва саёҳатбоб муаррифӣ намоем, - мегӯяд Набот Авезов, директори Муассисаи давлатии «Нигоҳдорӣ ва истифодабарии иншоотҳо» - и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе. Номбурда дар идомаи суҳбат аз намои Боғи устод Рӯдакӣ, ки дар масоҳати 19,7 гектар доман паҳн карда, маркази аслии сайру гашти сокинону меҳмонони пойтахт аст, ёд карда, афзуд, ки дар он 15 намуди дарахтҳои сӯзанбаргу сояафкан ва ороишӣ парвариш мешаванд. Қарор аст, соли 2018 дар боғ 1200 дарахти дигар шинонда шавад, ки маркази пойтахтро боз ҳам зеботар хоҳанд кард. Ба гуфтаи Набот Авезов дар боғ 12 навъи гул, аз ҷумла 12 намуди садбарг парвариш мешавад, ки то барфрезӣ ва фаро расидани фасли зимистон шукуфонанд. Дар фасли зимистон бештар гулҳои календула, маргаритка, виёла, панҷаи шер шинонда мешаванд, ки ба хунукӣ тобоваранд.
Воқеан, ҳар як сайёҳ ва меҳмоне, ки аз хориҷи кишвар вориди Тоҷикистони азизи мо мешавад, пеш аз ҳама пойтахтро мебинад, гулгашту кӯчаву хиёбон ва боғҳои фарҳангиву истироҳатии онро сайр намуда, дар мисоли он ба Ватани мо баҳо медиҳад. Хушбахтона, бо ташаббус ва ибтикори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯз ба рӯз симои пойтахт музайян ва ободу зебо мегардад.
Бинобар ин ва бо назардошти он, ки шаҳри Душанбе ба мизбони чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ табдил шуда, меҳмонони зиёде вориди он мегарданд, мо бояд рафторҳои ғайримадании шаҳрнишиниро хотима гузорем ва дар тозаву озода нигоҳ доштани шаҳри азизамон саҳмгузор бошем.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.01.2018    №: 19    Мутолиа карданд: 304

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед