logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Шералӣ Яҳёев соли 1971 ба гурӯҳи журналистикаи факултаи филологияи Университети давлатии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1976 хатм намудааст. Солҳои 1976 - 1983 ходими адабӣ, котиби масъули рӯзномаи “Ҳақиқати Кӯлоб” шуда кор карда, пас аз хатми мактаби ҳизбии шаҳри Тошканд мудири сектори таблиғу тарғиби Кумитаи ҳизбии шаҳри Кӯлоб буд. Аз соли 1986 ба ҳайси муҳаррири рӯзномаи “Субҳи меҳнат” - и ноҳияи Муъминобод ва аз моҳи январи соли 1993 то соли 2005 сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Хатлон” ифои вазифа намудааст.
Аз соли 2006 то соли 2013 мудири шуъбаи назорат, сипас, ёрдамчии раиси шаҳри Душанбе буд.
Ин рӯзноманигори асил, барандаи Ҷоизаи журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ 50 соли ҳаёти пурбаракати худро баҳри рушди соҳаи журналистика, тарбияи наврасону ҷавонон дар роҳи меҳанпарастию худшиносии миллӣ бахшидааст.
Солҳои 90 - умро ба хотир оварда, Ш. Яҳёев мегӯяд, ки кишвари азизи моро нооромиҳо фаро гирифта буд ва ба ҷойи ҳамдигарфаҳмию ҳамраъйӣ, кинаю хусумат зиёд гардида, чароғи дӯстию бародарӣ, ки дар хонадони мо шуълаафкан буд, рӯй ба хомӯшӣ мениҳод.
Дар ҳамин марҳала дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ӯ чун роҳбари маркази матбуоти раиси вилояти Кӯлоб дар кори иҷлосия ширкат варзид. Ш. Яҳёев аз он рӯзгор ёдовар шуда мегӯяд: “Боиси ифтихор ва шарафмандӣ буд, ки намояндагони мардумӣ дар ин лаҳзаҳои ҳассос дар интихоби сарвари кишвари ҷангзадаю парешон дурбинона муносибат намуда, Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси раиси Шӯрои Олии ҷумҳурӣ интихоб намуданд. Дар ин лаҳзаҳои ҳаяҷонбахш ҳамчун шоҳиди зинда савганди ин марди ҷасур ва қавииродаро дар минбари Қасри Арбоб аз наздик гӯш додам, ки рӯ ба вакилони мардумӣ оварда гуфтанд: “Бо такя ба ақлу заковати халқ, ворисони хирадманди миллати тоҷик то вақте ки дил дар синаам метапад, тамоми ҳастиамро ба Ватан ва ба мардуми худ мебахшам”.
Фаъолияти  Ш. Яҳёев ба ҳайси сармуҳаррир дар рӯзномаи вилоятии “Хатлон” зиёда аз 12 сол давом кард ва ӯ бо ордени “Дӯстии халқҳо” мушарраф шуд. “Зангӯлаи бедорӣ”, “Хӯшаҳо аз киштаҳо”, “Марде аз канори Хоҷасартез”, “Шукри тақдир” аз асарҳои таълифкардаи ӯ мебошанд, ки ба табъ расида, дастраси хонандагон гардиданд.
Бояд зикр кард, ки дар давоми фаъолияти нимасраи худ ӯ тавонист даҳҳо шогирдонро тарбия намуда, ба воя расонад, ки алҳол дар воситаҳои ахбори омма фаъолият  доранд.
Музаффар МУРОДОВ,
бойгоншиноси дастгоҳи раиси вилояти Хатлон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.01.2018    №: 19    Мутолиа карданд: 374

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед