logo

сиёсат

ИТТИЛОИЯ

16 январи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармонро "Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ" ба имзо расонданд.
Мувофиқи ин фармон, ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ба истиснои санҷишҳои нақшавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати ду сол мораторий эълон карда мешавад.
Мақсади эълон намудани мораторий дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ буда, он барои таҳкими иқтидори саноатию содиротии ҷумҳурӣ, кам намудани санҷишҳо ва фароҳам овардани фазои шаффоф ва мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
Заминаҳои ҳуқуқии мораторий дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ» пешбинӣ гардидааст, ки он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2018, № 30 маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Дар лоиҳаи қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, тартиби татбиқи мораторий муқаррар карда шуда, он  ба ҳифзи  ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон  равона гардидааст. Дар лоиҳа мафҳумҳои мораторий ба санҷишҳо, субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, давраҳои мораторий ба санҷишҳо ва ғайра возеҳу равшан баён гардидаанд.
Масалан, мораторий ба санҷишҳо ҳамчун муваққатан боздоштани қисми муайяни ваколатҳои дар асоси лоиҳаи қонуни мазкур ва ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқарраршудаи мақомоти ваколатдори давлатии санҷишӣ вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бошад, ҳамчун шакли фаъолияти мақоми давлатии санҷишкунанда оид ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти субъекти хоҷагидор мутобиқи талаботи қонунгузорӣ маънидод гардидааст.
Субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродие ба шумор меравад, ки ба қайди давлатӣ гирифта шуда, ба истеҳсоли молу маҳсулот машғул мебошад. Давраи мораторий ба санҷишҳо ин муҳлатест, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гашта, дар давоми он санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи лоиҳаи қонуни мазкур, манъ карда мешаванд.
Мувофиқи ин лоиҳа, рӯйхати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки ба соҳаи истеҳсолӣ мансубанд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи омор ба Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ пешниҳод карда шуда, ин Шӯро қарорро дар хусуси ворид намудани шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ ба Феҳристи субъектҳои дар соҳаҳои истеҳсолӣ  фаъолияткунанда қабул менамояд. Дар асоси ин қарор мақоми ваколатдор вазифадор аст, дар давоми на дертар аз се рӯз ин шахсро ба Феҳристи субъектҳои дар соҳаҳои истеҳсолӣ  фаъолияткунанда дохил намояд.
Бояд зикр намуд, ки ҳарчанд мораторий гузарондани санҷишҳоро  дар давраи амали он боздорад ҳам, дар моддаи 6 лоиҳаи қонуни мазкур ҳолатҳое нишон дода шудаанд, ки дар ҳолатҳои алоҳидаи истисноӣ гузарондани санҷишҳо иҷозат дода мешавад. Санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ оид ба иҷро намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо огоҳонидани Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ дар ҳолатҳои зерин гузаронда мешаванд:
- санҷишҳои нақшавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи андоз;
- агар аз ҷониби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ (истеъмолкунандагони молу маҳсулот) нисбати фаъолияти субъекти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ оид ба вайрон кардани ҳуқуқҳои онҳо ба мақоми ваколатдори давлатӣ ё ба мақомоти ваколатдори давлатии санҷишӣ аризаи хаттӣ ворид гардад, (чунин санҷиш танҳо дар доираи муроҷиати пешниҳодшуда амалӣ карда мешавад);
- агар санҷиш ба муомилоти маводи доруворӣ, сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ вобаста бошад;
- дар асоси аризаи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ дар мавриди барҳам додани фаъолияти онҳо;
- санҷиши маҷмӯии андоз, ки тибқи қисми 6 моддаи 28 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда мешавад.
Дар ҳама ҳолат санҷишҳои гузарондашуда дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда мешаванд.
Дигар хусусияти ин лоиҳа аз он иборат аст, ки дар давраи татбиқи мораторий ба истиснои ҳолатҳои дар моддаи 6 лоиҳа зикргардида вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ амали як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла:
- Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар  бораи  санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор»;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист»;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат»;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор»;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо»;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика»;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ»;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ»;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат»;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ»;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ»;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантини растанӣ»;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ» боздошта мешавад, яъне мақомоти санҷишие, ки дар асоси ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ваколати гузарондани санҷишҳоро доранд, наметавонанд аз онҳо истифода баранд.
Ҳамзамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ лоиҳаи як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигарро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки онҳо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Паёми  Президенти мамлакат аз 22 декабри соли 2017 равона гардидаанд.
Аз ҷумла, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» низ пешниҳод гардид, ки барои ҷорӣ намудани имтиёзҳои андозӣ ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҷиҳати навсозии техникӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон равона гардида, мувофиқи он воридоти ҳавопаймоҳо, локомотивҳо ва вагонҳои замонавӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.
Мувофиқи тағйиру иловаҳое, ки ба Кодекси гумруки Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, аз пардохти боҷи гумрукӣ воридоти ашёи хом (фарнитура) барои истеҳсоли либоси мактабӣ  ба  корхонаҳое, ки рӯйхати онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, воридоти техникаи таъйиноти кишоварзӣ, воридоти маводу лавозимот барои истеҳсоли доруворӣ, технологияи навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат, воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаи  парандапарварӣ ва молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худи корхонаҳои парандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи хӯроки омехтаи  паранда ва чорво аз пардохти боҷҳои гумрукӣ пурра озод  карда шуда, воридоти автомашинаҳои нав (аз санаи барориш як сол нагузашта, масофаи  тайнамудаашон то даҳ ҳазор километр) аз пардохти  боҷи гумрукӣ  50  фоиз озод карда  мешаванд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати дар амал татбиқ намудани  пешниҳодҳои Паём дар хусуси додани имтиёзҳои андозӣ ба субъектҳои  соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ равона гардидааст. Аз ҷумла, мувофиқи тағйироте, ки ба моддаи 169 Кодекс пешниҳод гардидаанд, таҳвили (фурӯши) либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабии истеҳсоли ватанӣ мувофиқи номгӯ, таҳвили маводи дорувории истеҳсоли ватанӣ мувофиқи номгӯ, воридоти  ашёи хом (фарнитура) барои истеҳсоли либоси мактабӣ, воридоти техникаи кишоварзӣ мувофиқи номгӯ, воридоти маводу лавозимот барои истеҳсоли доруворӣ, воридоти технологияи навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат, воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаи парандапарварӣ ва ё ҳангоми ворид намудани молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худи корхонаҳои парандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи хӯроки омехтаи паранда ва чорво аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.
Воридоти автомашинаҳои нав (аз санаи барориш як сол нагузашта, масофаи тайнамудаашон то даҳ ҳазор километр бошад) аз пардохти 50 фоизи маблағи андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.
Дар баробари масъалаҳои зикргардида, дар лоиҳа дигар масъалаҳои вобаста ба андоз ва андозбандӣ танзими худро ёфтаанд, ки онҳо барои дастгирии соҳибкорӣ мусоидат менамоянд. Аз ҷумла, ба Кодекси андоз, моддаи 21, илова мегардад, ки дар он тартиби мавриди амал қарор додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи андоз  муқаррар карда мешавад. Аз ҷумла, дар ин модда тартиби мавриди амал қарор додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи андоз, дар кадом маврид қувваи бозгашт надоштан ва ё додани қувваи бозгашт ба ин санадҳо, тартиби ҳалли ихтилофот дар мавриди мавҷуд будани духӯрагиҳо ва ё ихтилофот байни муқаррароти Кодекси андоз ё мавҷуд набудани муқаррароти зарурӣ ҷиҳати танзими муносибатҳои андозӣ танзими худро ёфтаанд.
Ба ғайр аз ин, дар лоиҳа як қатор меъёрҳое пешниҳод гардидаанд, ки ба манфиати андозсупорандагон метавонанд хизмат кунанд. Чунончи, санҷиши нақшавии ҳуҷҷатии аввалини фаъолияти субъекти соҳибкории хурд, ки супорандаи андози низоми содакардашуда мебошанд, танҳо баъди сипарӣ шудани 36 моҳ аз рӯзи бақайдгирии давлатӣ мумкин аст. Ин муҳлат қаблан 24 моҳро ташкил медод. Гузарондани назорати камералӣ зиёда аз як маротиба дар шаш моҳ манъ карда мешавад. Санадҳо ва қарорҳои мақомоти андоз, ки бар хилофи талаботи Кодекси андоз ҳисоб ва таҳия гардидаанд ва ҳуқуқу манфиатҳои андозсупорандагонро маҳдуд ё манъ мекунанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.
Бояд зикр намуд, ки тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии пешниҳодгардида новобаста аз вақти қабул ва эътибори ҳуқуқӣ пайдо намуданашон, аз 1 январи соли 2018 мавриди амал қарор дода мешаванд.
Тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикргардида барои рушди иқтисодии мамлакат, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои кории нав ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардум равона карда шудаанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.01.2018    №: 19    Мутолиа карданд: 308

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед