logo

Хабарҳо

БОРКАШОНӢ. Зиён набояд аз суд беш бошад!

Солҳои охир дар роҳҳои автомобилгард шумораи  нақлиёти боркаши гаронҳаҷм, ки дар вайроншавии роҳҳои автомобилгард яке аз омилҳои асосӣ ба ҳисоб меравад, хеле афзуд. Ин ҳолат сохторҳои дахлдори кишварро ба ташвиш овард ва баъди ҷустуҷӯи роҳҳои рафъи ин вазъ ба хотири танзими ҳаракати нақлиёти боркаш бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2010 «Корхонаи воҳиди давлатии сертификаткунонӣ ва хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёти ҷумҳурӣ» ташкил карда шуд. Филиалҳои корхонаи мазкур дар вилоятҳо, аз ҷумла вилояти Суғд, таъсис ёфтанд.
Сардори КВД «Маркази сертификаткунонӣ, кор ва хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёт» дар вилояти Суғд Саломатшо Тешаев иброз дошт, ки ба хотири ба меъёр даровардани боркашонӣ дар вилоят панҷ дидбонгоҳ – Нов, Хистеварз, Шаббода, Истиқлол ва Айнӣ ташкил шудааст. Кормандони марказ ҳаҷми борро санҷида, қисмати аз меъёри муқарраргардида барзиёдро ба дигар нақлиёт бор мекунанд ё ин ки ҳуҷҷати онҳоро ба Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт месупоранд. Соли 2017 аз ҳисоби ҷарима барои бори аз меъёр зиёд ба Буҷети давлат беш аз  1,7 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд.
Аз тарафи кормандони корхона соли гузашта бо ронандагон суҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шудаанд. Ҳоло ронандаҳои нақлиёти боркаш медонанд, ки аз меъёр зиёд бор  гирифтан ба зарари мамлакат ва худи онҳост, зеро барои ин амал муҷозот мешаванд. Риояи меъёри боркашонӣ имкон медиҳад, ки роҳҳо хубтару тӯлонитар ба мардум хизмат кунанд ва зуд валангор нашаванд.
Сайфулло МАҲКАМОВ,
рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 231

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед