logo

фарҳанг

МУНК. ИН МАКОНИ ТАЪРИХӢ ҲАНӮЗ ПУРРА ТАҲҚИҚ НАШУДААСТ

Мунк яке аз шаҳрҳои қадимаву калонтарини Хатлон (асрҳои 9 -12 ва аз ин ҳам пештар) дар таҳдашти ноҳияи Ховалинг воқеъ гашта, марказ, регистон, шаҳристон ва қалъааш дар таҳҷои деҳаи Хонақоҳи имрӯза доман густурда аст.
Муаллифони асримиёнагӣ, аз ҷумла сайёҳони маъруфи асри 10 Абуисҳоқи Истахрӣ дар «Китоб-ул-масолик ва-л-мамолик» (соли таълифаш 930 - 933), Муттаҳар ибни Тоҳири Мақдисӣ дар китоби «ал-Баъд ва-т-таърих» (966), Абурайҳони Берунӣ дар «Қонуни Масъудӣ» (1037) ва дигарон дар бораи Мунк маълумотҳои пурарзиш дода, онро назар ба дигар шаҳрҳои Хатлон, бахусус маркази вилоят - шаҳри Ҳулбук ободтар, сернуфузу калонтар ба қалам додаанд.
Айни  ҳол дар ҳудуди шаҳристону регистони шаҳр хатҳои обрави андозаҳояшон ҳархела, калимаи бо ҳам (мос) пайвасткардашуда, роҳҳои зеризаминӣ ба қалъа, таҳҷои роҳҳо, биноҳои зиёди деворҳояшон аз хишти пухта бардошта, гулҳавзҳову чашмаҳои бо хишти пухтаи андозаҳояшон 25х25х5 см ва намудҳои дигар орододашуда, мақбараҳо, сағонаҳо, гӯристонҳо (аз ҷумла тоисломӣ), қабрҳои бо хишти пухта сохташуда, боқимондаҳои қалъаҳо ва бисёр ёдгориҳои нодир зери хок хуфтаанд.
Аз ҳудуди шаҳри Мунк бештар аз 2 ҳазор ёдгорӣ ёфт шудааст, ки дар байни онҳо осори замони зиндагии мардуми ориёинажод - ёдгориҳои асри биринҷ низ хеле зиёданд. Аз ҷумла, ёдгориҳое, ки аз гӯрҳои тоисломии мардуми ориёитабор ёфт шудаанд, бебаҳову нодир ва беназиранд. Дар байни онҳо шаддаҳои муҳра, лавозимоти ороишоти занона, аз он ҷумла ойинаи биринҷӣ, усмакашакҳои биринҷӣ, ки аз гӯри бонуе рӯ заданд, шамшер ва лавозимоти дигар, ки аз қабри марди ҷанговар ба даст омадааст, инчунин, зарфҳои гуногуни сафолини ҳархела, ки аз ҳудуди музофот ва таҳҷои ин шаҳри қадима дастраси мо гардидаанд, қимати баланди илмӣ ва таърихӣ доранд. Бахусус, қолабҳои гулпартоии замони зиндагии мардуми ориёинажод, яъне қолабҳое, ки намуди салибӣ (крестӣ) ва аломатҳои  махсуси  рамзи  ориёӣ дошта ва бозёфтҳои дигар - ёдгориҳои беҳамтои нодир буда, аҳамияти бузурги таърихиро дар худ маҳфуз медоранд.
Дар ин миён тангаҳои гуногуни қадима ва сиккаҳои ҳархелаи замонҳои гуногуни таърихӣ, ки дар шаҳрҳои гуногуни Мовароуннаҳру Хуросон ва берун аз онҳо зарб зада шудаанд, бозгӯи ободӣ, тиҷорат ва шаҳрдории ин гӯшаи дурдасти Хатлонзаминанд.
Умуман, бештар аз ду ҳазор ёдгориҳои таърихӣ – бозёфтҳои нодире, ки дар тӯли бештар аз сӣ сол муаллифи ин сатрҳо аз ҳудуди таҳҷои ин шаҳри азими Хатлонзамин ҷамъоварӣ намуда, дар Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии ноҳиявӣ ба намоиш гузошта шудааст, арзиши баланди таърихӣ доранд.
Агарчи ёдгориҳои таърихӣ дар таҳҷо ва ҳудуди фарогири ин шаҳр хеле зиёданд, ҳанӯз ҳам  таҳқиқоти мукаммале амалӣ нагардидааст. Боварӣ ҳаст, ки бостоншиносони тоҷик ба таҳқиқоти ин шаҳри қадима камар баста, саҳифаҳои пурарзишеро ба таърихи халқи тоҷик илова менамоянд.
Амир Сайиди МУНКӢ,
директори Осорхонаи таърихӣ - кишваршиносии ноҳияи Ховалинг


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.01.2018    №: 20    Мутолиа карданд: 265

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед