logo

фарҳанг

НУРОБОД. ҲУНАРМАНДОН АЗ СОЛИ 2018 УМЕДВОРИҲОИ ЗИЁД ДОРАНД

Дар ноҳияи Нуробод бо иштироки занону духтарони касбу кори гуногун таҳти унвони “Бонувон-эҳёгару идомабахши фарҳанги миллии ниёгон” мизи мудаввар баргузор гардид. Иштирокдорони ҳамоиш аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 - ро даъвати бузурге дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ва саҳифаи наве дар муаррифи тамаддуну фарҳанги миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ арзёбӣ намуданд.

Шаҳнозаи Шукрихудо, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод, зикр кард, ки оид ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои занону духтарони ноҳия, омӯзиши санъати чакандӯзӣ, шерозбофӣ, гулдӯзӣ, тоқидӯзӣ, шерозбофӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ  дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти қаламрави ноҳия  васеъ ба роҳ монда шавад.
Ба гуфтаи Шаҳнозаи Шукрихудо аллакай аз тарафи шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Дарбанд ва Сафедчашма курсҳои  омӯзишии қолинбофӣ ва адрасбофии дастӣ ташкил шуда, зиёда аз 80 нафар занону духтарони хонашин ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва 8 нафар ба шуғли доимӣ ҷалб гардиданд. Агентӣ дар муассисаи давлатии маркази таълимии касбомӯзии ноҳия курсҳои кӯтоҳмуддатро бо ихтисосҳои «Ошпаз», «Бофанда» (адрасбоф), «Гулдӯзӣ», «Фермер соҳибкор» бо ҷалби 524 нафар занону духтарон ба роҳ мондааст.
Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода хоҳад кард. Зеро рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ на танҳо манбаи болоравии сатҳи иқтисодию иҷтимоии хоҷагии халқ, балки муаррифгари тамаддуну фарҳанги миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.
Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.01.2018    №: 20    Мутолиа карданд: 374

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед