logo

иҷтимоиёт

ТАНДУРУСТӢ. ЧАНД ПАҲЛУИ ЯК МУШКИЛОТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш бори дигар дар мавриди сифати маводи доруворӣ андешаҳои ҳидоятгарона иброз намуданд, ҳамзамон, изҳори нигаронӣ карданд, ки то кунун дар соҳа ягон беҳбудӣ ба назар намерасад. Аз ин рӯ, ба хотири ҳифзи тандурустӣ, беҳбудии фаъолияти дорусозӣ, ҳимоя аз маводи пастсифат, ҳамчунин, барои кам кардани такроршавии вазифаҳои ба ҳам монанд, ҳамоҳангсозии санҷишҳо, сарфаи маблағҳои буҷет ва кам гардидани монеаҳо барои рушд ва фаъолияти соҳибкорӣ се хадамоти тобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ - ба як хадамоти алоҳида табдил дода шуд.

Султон Бекмуродзода, сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (хадамоти навтаъсис), гуфт, ки ин тадбир ҷиҳати иҷрои дастури Сарвари давлат барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба мардум роҳандозӣ шуда, ба ҷои Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ, Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ як сохтори алоҳида таъсис дода шуд.
- Дар соҳаи фармасевтӣ дар қатори муваффақияту пешравиҳо камбудию норасоиҳои зиёд низ ҷой доранд, ки бештар ба воридоти қочоқии маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, ороишию гигиенӣ марбутанд. Ҳамчунин, дар соҳаи дорусозӣ имконияту захираҳои бузурги табиию зеҳнии кишвар пурсамар истифода намешаванд, - иброз дошт С. Бекмуродзода.
Д. Содиқов, директори КВД «Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фармасевтӣ ва молҳои тиббӣ» зикр намуд, ки барои ташхис ва санҷиши сифати маводи доруворӣ озмоишгоҳҳои хадамот бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ таъминанд. Соли сипаришуда 33554 намунаи маводи доруворӣ санҷида шуд. Воридоти маводи доруворӣ нисбат ба солҳои қаблӣ камтар ба назар мерасад. Соли 2017 - ум  735 номгӯй маводи дорувории ватанӣ аз ташхис гузашт, ки назар ба соли пешӣ 133 адад зиёд мебошад.
Равшан Имомов, мудири озмоишгоҳи марказии хадамот, гуфт, ки дар бозори фармасевтӣ рӯз то рӯз зиёд шудани миқдори муассисаҳои истеҳсолӣ, афзудани номгӯи маводи истеҳсолӣ, дастрасии мардум ба маводи доруворӣ дар ҳамаи гӯшаю канори мамлакат ва ба сатҳу сифати нав баромадани хизматрасонӣ мушоҳида мешавад. Аммо ҳанӯз мушкилот назар ба пешравӣ зиёд аст. Яке аз ин камбудиҳо сифати  пасти баъзе доруҳои воридотист. Дар ин самт мо, пеш аз ҳама, бояд маърифати тиббии аҳолиро баланд бардорем, яъне корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ барем. Танҳо якҷо бо мардуми огоҳ мо метавонем, ки қочоқи маводи дорувории бесифатро пешгирӣ намоем. Доруҳоро бидуни тавсияи табибон истифода кардан мумкин нест, аммо на ҳамеша харидорон ин қоидаро риоя мекунанд. Ниёзмандон аксари вақт ҳангоми харидани дору сертификати сифат он тараф истад, ҳатто муҳлати истифодаи онро аз назар намегузаронанд.
Дар мафкураи муштариён беҳтар будани маводи дорувории воридотӣ аз маҳсулоти дохилӣ ҳанӯз қавист. Баъзан духтурон ба муштарии худ доруҳои хориҷиро тавсия медиҳанд. Бемор низ гумон мекунад, ки маводи дорувории хориҷӣ беҳтар аз ватанист. Ҳол он ки таъсири маводи дорувории ватанӣ ҳам мисли ҳамон доруи хориҷист.
- Санҷишҳои муқоисавии гузарондаи мутахассисони мо собит намуданд, ки аз ҷиҳати сифат доруҳои воридотӣ аз ватанӣ ягон бартарӣ надоранд. Бояд таблиғу ташвиқи доруҳои истеҳсолгарони ватанӣ аз тариқи воситаҳои ахбори умум бештар ба роҳ монда шавад. Беҳтар мебуд, агар табибон низ доруҳои ватаниро таъйин ва тавсия намоянд, - гуфт оид ба ин масъала Аслиддин Имомзода, мудири озмоишгоҳи минтақавӣ дар вилояти Хатлон
Шаҳбоз АБРОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.01.2018    №: 20    Мутолиа карданд: 565
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед