logo

фарҳанг

МУРОД МУРОДӢ: "ШОМИ ШАНБЕ" - ПАДИДАИ НАВ ДАР ЖУРНАЛИСТИКА

Инак, соли сеюм аст, ки саҳифаи иттилоотию фароғатии «Шоми шанбе» нашр мешавад. Аз рӯзҳои аввали чоп он зуд ба дили хонандагон ҷо гирифт ва миёни онҳо маҳбубияти хос пайдо кард. Ҳарчанд матлабҳои он аз нигоҳи ҳаҷм хурданд, аммо бори маънӣ бар дӯш доранд. Чуноне нависанда Маҷид Салим менигорад: «Хабарҳои тозаи саҳифа ва тозатарину ҷолибтарин навидҳои фарҳангӣ - адабӣ, шеъру ҳикоёти марғуб аз рӯзгори гузаштагону муосирон, ки бо аксу расмҳои афсонавӣ оро ёфтаанд, хонандаро ба сайри олами андешаҳои рангину дурпарвоз ҳидоят месозанд».
Дар баробари ин, саҳифа таваҷҷуҳи муҳаққиқони соҳаи журналистикаро низ ба худ ҷалб кардааст. Тавре огаҳӣ ёфтем, таҳти роҳбарии профессор Мурод Муродӣ  бо номи «Таҳлили мундариҷавӣ ва жанрии саҳифаи «Шоми шанбе» - и «Ҷумҳурият» рисолаи дипломӣ навишта мешавад. Устод зарурати роҳандозии чунин як иқдомро ҳангоми суҳбат бо хабарнигори рӯзнома чунин шарҳ дод:
- Нашрияи «Ҷумҳурият» дар низоми матбуоти имрӯзаи мо аз ҳар ҷиҳат бартарӣ ва афзалият дорад, ки инро метавон дар мундариҷа, ороиш, тарзи таҳия, гуногунжанрии мавод ва ҳам қобилияти нигорандагии журналистон арзёбӣ намуд. Ба таҳқиқ кашидани саҳифаи «Шоми шанбе» - и рӯзнома барои соҳаи журналистика аз чанд ҷиҳат муҳим аст. Аввалан, бояд зикр кард, ки таъсиси чунин саҳифа дар журналистикаи мо падидаи нав аст ва аз нигоҳи илмӣ мавриди омӯзишу баррасӣ қарор додани мундариҷа, шакл, таносуб ва ороиши матолиби он барои тарбияи касбии рӯзноманигорони оянда аҳамияти калон дорад. Ҷиҳати дигари зарурати пажӯҳиши саҳифаи «Шоми шанбе» ин аст, ки матолиби он на танҳо инъикоскунандаи ҳаёти дохилианд, балки рӯйдодҳои аҳамияти башаридоштаро низ фаро мегиранд. Зеро дар маркази таваҷҷуҳ мақоми инсон меистад, на халқияту миллат. Ҳангоми омӯзиш ва пажӯҳиш ин ҷиҳатҳо ошкор мегарданд ва  муайян карда метавонем, ки то кадом андоза таваҷҷуҳ ба шахсиятҳои шинохта ва инъикоси воқеаҳои фараҳбахш равона мегардад.
Зимни таҳқиқ метавон ба чанд паҳлу эътибор дод: аввалан хусусиятҳои мундариҷавии саҳифа. Яъне, аз рӯйи мазмуну муҳтаво саҳифа чӣ гуна матлабро фаро гирифтааст ва онҳо дар тарбияи зебоипарастӣ, бедории маънавӣ, шинохт ва ҷаҳонбинии хонандаи тоҷик чӣ нақше мебозанд. Аз ҷониби дигар, сохт ва шакли матолиб низ метавонад мавриди омӯзиш карор гирад. Чунки саҳифа симо - дизайни ба худ хос дорад. Пеш аз ҳама, дар шакли замонавӣ ҷой додани мавод, истифодаи аксҳо ва тарҳи сохтори саҳифа метавонад диққати хонандаро ҷалб созад. Самти дигари таҳқиқ истифодабарии жанр аст. Гарчанде дар нигоҳи аввал чунин ба назар расад, ки аксари навиштаҳо дар қолаби ягона омода шудаанд, аммо чунин нест. Маводҳо бештар дар қолаби жанрҳои хабарӣ ва бадеӣ - публитсистӣ таҳия мешаванд, вале матолиберо ҳам вомехӯрем, ки дар доираи жанрҳои адабӣ омода шудаанд ва баъзеи онҳо хусусиятҳои ҳикояву порчаҳои қиссамонандро ҳам дар бар мегиранд.
Шоистаи таҳсин аст, ки интихоби мавзӯъ басо нозукбинона буда, муаллифон дар таҳия ва таҳрири он маҳорати баланд доранд. Дар умум, натиҷаҳои илмии бадастомада метавонанд барои муҳассилини риштаи журналистика ҳамчун дастур хизмат кунанд.
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.01.2018    №: 20    Мутолиа карданд: 258

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед