logo

иқтисод

БОНКИ МИЛЛӢ МЕЪЁРИ БОЗТАМВИЛРО ТО САТҲИ 14,75 ДАРСАДИ СОЛОНА ПАСТ НАМУД

Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон  аз 23 январи соли 2018 меъёри бозтамвилро ба андозаи 1, 25 банди фоизӣ паст фуроварда, дар сатҳи 14,75 дарсади солона муқаррар намуд. Қарори мазкур вобаста ба нисбатан коҳиш ёфтани хавфҳои таваррумӣ ва наз-дик гардидани сатҳи таваррум ба нишондиҳандаи мақсаднок барои давраи миёнамуҳлат - 7,0 дарсади солона(+/-2%) қабул гардид.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, сатҳи таваррум дар ҷамъбасти соли 2017 ба 6,7 дарсад расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 0,6 банди фоизӣ зиёд мебошад. Тибқи ҳисобҳо, саҳми маҳсулоти хӯрокворӣ дар таварруми солона 4,3 банди фоизӣ, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 1,2 банди фоизӣ ва хизматрасониҳо 1,2 банди фоизиро ташкил дод. Омилҳои асосии таъсиррасон ба раванди тағйирёбии сатҳи нархҳо бо омилҳои кӯтоҳмуддати мавсимӣ ва пешниҳодот, бахусус дар натиҷаи болоравии нархи маҳсулоти сабзавот (картошка, сабзӣ, пиёз), дар нимсолаи аввал вобастагӣ дошт. Ҳамзамон, афзоиши ҳаҷми нишондиҳандаҳои пулӣ, вобаста ба қарор оид ба сармоякунонии бонкҳои муаммодор, то андозае фишорҳои қурбӣ ва таваррумиро дар нимаи аввали соли 2017 ба вуҷуд оварда буд.
Вобаста ба ин, бо андешидани чораҳои қатъии сиёсати монетарӣ, давоми сол муяссар гардид, ки фишорҳои монетарӣ нисбатан коҳиш дода шаванд. Мувофиқи таҳлилҳо, соли 2017 сатҳи таварруми аслӣ 1,6 дарсади солонаро  ташкил дод, ки ин аз маҳдуд гардидани таъсири омилҳои монетарӣ шаҳодат медиҳад.
Интизор меравад, ки дар ибтидои сол ба таври муқаррарӣ эҳтимоли ба миён омадани тағйирёбиҳои кӯтоҳмуддат вобаста ба таъсири омилҳои мавсимӣ мавҷуд буда, дар давраи миёнамуҳлат бошад, тибқи дурнамо сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаи мақсаднок (7,0% + 2 б.ф.) боқӣ хоҳад монд. Инчунин, дар баробари баланд гардидани нархи нафт дар бозори ашёи хоми ҷаҳонӣ, устувор гардидани қурби рубли русӣ ва нисбатан муътадилгардии талаботи ташкилотҳои қарзӣ ба асъори хориҷӣ аз ҳисоби қонеъ гардондани барзиёдии он аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, эҳтимолияти афзоиши вуруди интиқолҳои пулии муҳоҷирони меҳнатӣ дар аввали соли равон ва то андозае коҳишёбии омилҳои берунӣ ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, аз ҷумла хавфҳои қурбию таваррумӣ, мавҷуд аст.
Бо дарназардошти эҳтимолияти нисбатан пастравии сатҳи таваррум, коҳиш ёфтани таъсири омилҳои берунӣ ва тадриҷан ба эътидол омадани вазъи макроиқтисодӣ, Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвилро то сатҳи 14,75 дарсади солона поён бурд.
Бонки миллӣ минбаъд низ татбиқи сиёсати пайгиронаи пулию қарзиро ҷиҳати ноил гардидан ба сатҳи муътадили нархҳо дар давраи миёнамуҳлат идома медиҳад.
Шуъбаи матбуоти БМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.01.2018    №: 21    Мутолиа карданд: 275

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед