logo

иҷтимоиёт

ДАВЛАТИ ПОЯНДА

Тайи солҳои охир дар шаҳри Кӯлоб баҳри эҳёи ҳунарҳои мардумӣ корҳои зиёде ба сомон расидаанд. Аз ҷумла, соли гузашта барои рушди ҳунарҳои мардумӣ Муассисаи давлатии «Ҳунарҳои мардумӣ» таъсис дода шуд. Дар ин марказ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ду дастгоҳи атласу адрасбофӣ харида, мавриди истифода қарор гирифт.
Барои омӯзиши нозукиҳои ҳунари атласу адрасбофӣ мутахассисон аз вилояти Суғд даъват шуда, ба 80 нафар бону ин касбро омӯзонданд. Бо эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ин раванд ҷараёни тоза пайдо карда, масъулон талош доранд, ба рушди ҳунарҳои мардумӣ тавсеа бахшанд.
Тибқи маълумоти мудири шуъбаи иттилооти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Сулаймон Ситамов, дар соли гузашта 300 нафар ба касбомӯзӣ, аз ҷумла дӯзандагӣ, кафшергарӣ, муҳосибӣ, бофандагӣ атласу адрасбофӣ, гулдӯзӣ, заргарӣ, кулолгарӣ ва попурӣ фаро гирифта шуданд, ки феълан 189 нафар ба корҳои хонагӣ машғул мебошад.
Дар миёни бонувони ҳунарманд Фарзонаи Зафар, ки аз хурдӣ ба касби попурӣ шавқи беандоза дошт, давра ба давра ҳунари худро сайқал дода, ба муваффақият даст ёфтааст. Борҳо дар озмунҳои ноҳиявию вилоятӣ бо маҳсули кори дасти худ иштирок ва сазовори ҷойҳои намоён гардидааст. Ҷаҳду талошҳои доимияш самар доданду сафи муштариёнаш рӯз ба рӯз афзуданд ва дигар шароити хона барои идомаи кор ва қонеъ намудани талаботи харидорон нокифоя шуд. Аз ин рӯ, барои иҷрои фармоишҳои  зиёд тасмим гирифт, ки дар деҳааш коргоҳ бунёд созад. Чунин кореро анҷом дод ва дар деҳа коргоҳи попурӣ кушода, дигар ҳунармандонро  ба кор ҷалб намуд. Ӯ дар кори худ ба мақоми устодӣ расид ва ҳоло шогирдони зиёдеро ба омӯзиши ин ҳунар раҳнамоӣ мекунад.
Ба мисли Фарзона, ҷавондухтарони зиёде дар шаҳри Кӯлоб азбар намудани ҳунарҳои мардумиро пешаи худ қарор дода, аз ин ҳисоб зиндагии худро низ мечархонанд. Аз ҷумла, ба гуфтаи Сулаймон Ситамов, соли сипаришуда 657 нафар ба тариқи худмаблағгузорӣ касбҳои гуногунро аз худ намуда, соҳиби шаҳодатномаи касбӣ ва шуғли доимӣ гардидаанд.
Дар урфият мегӯянд, ки «ҳунар чашмаи зоянда ва давлати поянда аст». Аз ин рӯ, самимият ба зиндагӣ, дилбохтагӣ ба ҳунар, ҷаҳду талош дар иҷрои кор метавонад ҳар ҳунармандро ба муроди дил расонад.
Сарвиноз ШОДМОНОВА,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.01.2018    №: 21    Мутолиа карданд: 348

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед