logo

иқтисод

Яхобмонӣ дар Рашт

Вобаста ба гармии  ғайримуқаррарии ҳавои зимистони имсола имрӯзҳо дар саросари кишвар кишоварзон ба яхобмонии заминҳо машғуланд. Дар минтақаи Рашт низ ба ин масъалаи муҳим таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мешавад. Оид ба рафти яхобмонӣ дар Рашт мудири шуъбаи кишоварзии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Абдураззоқ Саломов чунин гуфт:
- Дар фасли зимистон яхоб мондани заминҳои шудгоршуда ва боғҳо манфиати зиёд дорад.  Тавассути яхобмонӣ ҳашарот, касалиҳо ва хояндаҳо дар қисмати решаи дарахтон  нест ва нашъунамои пеш аз вақти дарахтон 15 - 20 рӯз боздошта мешавад. Хосса имсол, ин масъала хеле муҳим аст. Ҳавои зимистон гарм аст ва маълум нест, ки он дар оғози фасли баҳор чӣ гуна хоҳад буд, оби чашмаву рӯдҳо ба кадом андоза зиёд мегарданд.  Агар мо заминҳоро шудгор кунему зимистон яхоб монем, пеш аз ҳама, намнокиро дар қабати ҳосилхези ин заминҳо хеле муддат нигоҳ медорем, ки ин пӯсиши моддаҳои  органикиро метезонад.
Соли равон мо, кишоварзони ноҳияи Рашт, тасмим гирифтаем, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ  4649 гектар боғро яхоб монем. То имрӯз 1629 гектар боғро яхоб мондаем. Ҳамчунин, 300 гектар заминҳои шудгоршуда, ки дар ҳамвориҳо ҷойгиранд, яхоб монда шуданд.
- Мо итминони комил дорем, ки соли 2018 дар натиҷаи ин чорабинӣ ва дигар тадбирҳои андешидашуда, на танҳо ҳосили зиёд, балки маҳсулоти хушсифатро ба сокинони ҷумҳурӣ пешниҳод менамоем, - гуфт Абдураззоқ Саломов.
Худодод ЗАЙНИДДИН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.01.2018    №: 21    Мутолиа карданд: 608
23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

«АМОНАТБОНК». РАИСӢ ДАР ИТТИҲОДИ БАЙНИБОНКИИ СҲШ

ДДЗТ. ТАНТАНАИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

12.11.2020


КФО

МОСКВА БАРОИ ЁРӢ БА СУРИЯ БЕШ АЗ $1 МИЛЛИАРД ҶУДО НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.11.2020


БУНЁДИ 532 ИНШООТИ ТИББӢ

НАХУСТНАМОИШИ ФИЛМИ МАЗҲАКАВИИ «АВТОБУС»

87 МЕДАЛИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «MATH CHALLANGE - 2020»

ВАРЗОБ. ИСТИҚБОЛИ САЗОВОР АЗ ҶАШНИ ФАРХУНДА

Путин: «Мабдаи терроризми байналмилалӣ дар Сурия амалан барҳам зада шуд»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ БОНУВОН U15


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед