logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКОН. ТО ҲАФТОД ПУШТИ ИН МИЛЛАТ БӮИ СИНО МЕКУНАД

Дар ҷомеаи мутамаддин соҳаи фарматсия як рукни ногусастании фарҳанги иҷтимоӣ ба шумор рафта, барои татбиқи барномаи ҷомеаи солим саҳми бунёдӣ мегузорад. Аз ин рӯ, соҳаи фарматсияи пешқадам барои ҳар як мамлакати мутараққӣ ҳамчун комёбии миллӣ арзёбӣ мегардад.  Барои Тоҷикистони соҳибистиқлол доштани чунин як соҳаи аҳамиятнок, ки пешрафта, мустақил ва ба талаботи иҷтимоии мардум ҷавобгӯй бошад, шарти зарурист. Фарматсияи миллӣ метавонад дар таъмини амнияти тандурустии мардум саҳмгузорӣ намуда, шаъну шараф ва боиси ифтихори миллат бошад. Махсусан, барои миллате, ки ин соҳаи пуршараф як пешаи ниёӣ ва мардумии ӯ буда, ба ибораи шоир «то ҳафтод пушташ бӯи Сино мекунад».
Дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро оид ба рушди минбаъдаи сиёсати доруворӣ, ки аз Паёми навбатияшон ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, ба се қисмат ҷудо кардан мумкин аст:
1. Рушди саноати фарматсевтикаи мамлакат;
2. Таъмини сифати дору ва аз байн бурдани доруҳои қалбакӣ;
3. Танзими нарх ва беҳтаршавии дастрасии маводи доруворӣ барои мардум.
Масъалаҳои мазкур на танҳо аҳамияти иҷтимоӣ, балки хусусияти иқтисодӣ ва стратегии давлатӣ дошта, иҷрои онҳо барои қонеъгардонии талаботи мардум ба кумакҳои тиббию фарматсевтӣ заминаҳои устувор фароҳам меорад.  Бе системаи мукаммали фарматсевтӣ низоми идоракунии гардиши маводи доруворӣ, назорати қатъии сифати маводи доруворӣ, дорухонаҳои истеҳсолӣ, коркарди  захираҳои табиии доруворӣ, саноати пешрафтаи фарматсевтӣ дар асоси ашёи ватанӣ қонеъ кардани ниёзи мардум дар соҳаи тандурустӣ мушкил аст. Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки имрӯз бозори фарматсевтии мамлакат аз воридот вобастагӣ дорад: бештар аз 90 дарсади маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба ҷумҳурӣ аз хориҷи кишвар ворид мегарданд. Ин масъала на танҳо ҷанбаи манфии иқтисодӣ дорад, балки дигар масъалаҳои мубрам ва печидаеро ба монанди қочоқи маводи доруворӣ ва воридшавии доруҳои бесифат ва қалбакӣ ба миён меорад. Барои бартараф кардани чунин вазъият лозим аст, ки назорати қатъии сифати маводи дорувории ба ҷумҳурӣ воридшаванда бо усулҳо ва дастгоҳҳои навтарини ташхисию озмоишӣ  ба роҳ монда шуда, истеҳсоли зина ба зинаи маводи дорувории ниёзи аввал, ғолибан дар заминаи ашёи ватанӣ, дар амал татбиқ карда шавад.
Масъалаи дигаре,  ки  аҳамияти  бузурги на танҳо соҳавӣ, балки  умумимиллӣ дорад,  таҳияи маводи доруворӣ дар асоси ашёи хоми ватанӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсоли дору ва рушди саноати фарматсевтии ватанӣ ба ҳисоб меравад. Бешак, вақте ки муҳтавои мафҳуми дорусозӣ сохтани дору бошад, пас ногузир таваҷҷуҳи асосӣ дар соҳаи фарматсевтӣ бояд ба таҳия ва истеҳсоли маводи доруворӣ равона бошад.  Дар кишварҳои Аврупо бештар аз 85 дар - сади  маводи дорувории дармуомилотбуда бо усули  саноатӣ ба даст оварда мешавад. Ҳатто, имрӯз барои бисёре аз давлатҳое,  ба монанди  Лаҳистону Ҳиндустон, Олмону Исроил ва ғайра, саноати пешқадами  фарматсевтӣ нишонаи муаррификунандаи комёбиҳои миллии онҳо ба шумор меравад.  Пас барои Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ривоҷу равнақи саноати фарматсевтӣ  як амри зарурист. 
Яке аз чунин масъалаҳое, ки хусусияти бунёдӣ дорад, тавассути муассисаҳои таълимии соҳавӣ эҷод кардани фазои тахассусӣ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисосу болаёқати ватанӣ ба шумор меравад.  Қадамҳои аввале, ки ба ин мақсад гузошта мешаванд, ин таълими фанҳои тахассусӣ мувофиқи барномаҳои пешқадам,  таҳияи адабиёти соҳавӣ бо забони давлатӣ, таъсиси ихтисосҳои нав, васеъ кардани барномаҳои фанҳои тахассусие, ки ба ҳадаф мувофиқ мебошанд, муҷаҳҳазондани пойгоҳҳои таҷрибавию озмоишӣ бо таҷҳизоти навтарин, ташкили марказҳои  илмӣ-тадқиқотӣ ва шӯрои соҳавии дифои рисолаҳои илмӣ, васеъ сохтани робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба марказу макотиби соҳавии мамолики пешқадам, таъсиси интишороту моҳвораҳои тахассусӣ ва, дар маҷмӯъ, баланд бардоштани савияи дониш ва фарҳангу маърифати фарматсевт ба шумор меравад. Яке аз марказҳое, ки барои татбиқи мақсадҳои зикршуда бунёдгузорӣ менамояд, ин факултети фарматсевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Боиси қаноатмандист, ки  бо ташкил ёфтани таълими ихтисоси фарматсевтӣ дар донишгоҳ ҳамагӣ 9 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, факултети мазкур дар пешбурди масъалаҳои муҳими  соҳавӣ саҳми сазовор гузошта истодааст.
Дар робита ба Паёми Пешвои миллат ва матраҳ намудани масъалаҳои таъкидшуда, ҳайати устодон ва омӯзгорони факултет бо дастгирии раёсати донишгоҳ якчанд чорабиниҳо ва иқдомоти муназзамеро роҳандозӣ намуда истодаанд, ки барои иҷрои  супоришҳои Сарвари давлат метавонанд қадамҳои устуворе бошанд. Яъне татбиқи Паём аз донишгоҳ, аз маҳзари нуру зиё ва созандаи ҳар як кору пеша – мутахассис,  оғоз мегардад.
Махсусан, дар партави суханрониҳои Пешвои миллат дар соҳаи илму таълими фарматсевтӣ се ташаббуси хосса роҳандозӣ мегардад, ки умедворкунанда мебошад:
- аввалан, бо мақсади такмил додан ва боло бурдани  потенсиали тахассусии мутахассисони ватанӣ ташкил ёфтани Шӯрои дифои рисолаҳои илмӣ аз рӯи ихтисосҳои фарматсевтӣ дар пойгоҳҳои факултетҳои фарматсевтии ватанӣ иқдоми хеле саривақтӣ ва зарурист;
- ташаббуси дуюме, ки дар факултети фарматсевтии ДМТ роҳандозӣ мегардад, дар пойгоҳи кафедраҳои тахассусӣ ташкил ёфтани ихтисоси нав – «фарматсияи  саноатӣ» мебошад, ки маҳз дар робита ба иҷрои супоришҳои Сарвари давлат доир ба рушди саноати дорусозии ватанӣ заминаи бунёдиро фароҳам меорад. Дар баробари ихтисоси умумии «фарматсия», мутахассиси  «фарматсияи саноатӣ»  бевосита барои соҳаи саноати фарматсевтӣ тайёр мегардад, ки бо донишу малакаи васеи фармако - технологӣ метавонад дар дилхоҳ риштаи истеҳсоли маводи доруворӣ фаъолият намояд;
- ташаббуси дигаре, ки барои рушди муваффақи саноати фарматсевтии ватанӣ замина месозад, зиёд намудани соатҳои барномавии фанни зербиноии «Раванду таҷҳизоти технологияи дорусозӣ» ва васеъ намудани аудиторияи таълимии ин фан мебошад, ки ин бевосита дар ташаккули тафаккури  тахассусии соҳибкасби оянда нақш мегузорад.
Бо ин ҳама, ҳидояту дастгириҳои Пешвои миллат мо - аҳли ихтисос кӯшиш бар он менамоем, ки фарматсияи тоҷик воқеан ҳам боиси ифтихори миллат гардад.
МӮСОЗОДА Сафол Мираҳмад,
доктори илмҳои фарматсевтӣ,
профессори Донишгоҳи
миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.01.2018    №: 21    Мутолиа карданд: 261

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед