logo

Хабарҳо

ХАТЛОН. Соҳибкорон талаботи стандартиро ба ҷо намеоранд

Прокуратураи  вилояти  Хатлон  давоми  соли  2017 вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон 381 ҳолати қонунвайронкуниро ошкор кард. Барои рафъи онҳо 69 санади эътиноии прокурорӣ қабул шудааст.
Бо баррасии ин ҳолатҳо 256 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ кашида, ҳамзамон, 57 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Камбудиҳо бештар дар самти дуруст нигоҳ надоштану вайрон кардани қоидаҳои ба муомилот баровардани маҳсулот ва риоя накардани талаботи санитарию эпидемиологӣ ошкор шудаанд. Аз натиҷаи санҷишҳо бармеояд, ки иддае аз соҳибкорон ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ талаботи стандартиро ба ҷо намеоранд. Ҳуқуқи истеъмолкунандагонро поймол ва маҳсулоти пастсифат истеҳсол мекунанд. Вобаста ба ин ҳолатҳо прокуратураи вилояти Хатлон соли гузашта дар асоси моддаҳои 209 ва 294 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз кардааст.     
Табар Шарифов, муҳандис - технологи ширкати “Орзу - 2004”, ки истеҳсолкунандаи ҳасибҳои гуногун мебошад, рӯзҳои 9 ва 11-уми декабри соли 2017 ҳангоми омода кардани ҳасиб моддаи химиявии “Е-250“ - нитрати натрийро аз меъёр зиёд истифода бурдааст. Тибқи меъёр мебоист ба 100 кило қимаи гӯшт ҳамагӣ 5 грамм аз ин иловаи ғизоӣ ҳамроҳ мекард. Ҳамон рӯзҳо пас аз истеъмоли ҳасиб шаҳрвандон, аз ҷумла панҷ нафар аз оилаи Давлатов Сафаралӣ, аз ноҳияи Восеъ, заҳролуд шуда, кӯдаки хурдсоли ин оила вафот кардааст. Ҳасиби заҳролуди ширкати номбурда аз ҳама мағозаҳо гирифта шуд. Доир ба ин ҳодиса дар асоси моддаи 209, қисми 2, бандҳои “б”, “в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
З. МУРОДОВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 195

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед