logo

Хабарҳо

Д. Гулмаҳмадзода: “1500 тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира шудааст”

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ соли гузашта ба 16 миллиарду 49 миллион сомонӣ расида, суръати афзоиш 7 дарсад таъмин шуд. Ин нуктаро Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, зимни нишасти хабарӣ зикр кард.
Ӯ аз натиҷаи фаъолияти меҳнаткашони вилоят дар соли гузашта қаноатмандӣ изҳор карда, афзуд, ки мушкилоти иҷтимоиро фақат дар сурати иҷрои нақшаи андоз метавон ҳал кард. Соли 2017 беш аз 250 миллион сомонӣ ба буҷет ворид карда шуд, ки ин 103 дарсади нақша буда, нисбат ба соли пешӣ 30 миллион сомонӣ зиёд аст.
Дар самти бо ҷойи кори доимӣ таъмин кардани шаҳрвандон низ тадбирҳои муассир андешида шуданд. Аз ҳисоби сохта ба истифода додани корхонаҳо, коргоҳҳо ва муассисаҳои нав зиёда аз 1300 ҷойи кори доимӣ муҳайё гардид.
Гардиши савдои дохилӣ ба 4,6 миллиард сомонӣ ва гардиши савдои хориҷӣ ба 242 миллион доллари ИМА баробар шуд. Содироти маҳсулоти гуногун низ нисбат ба воридоти онҳо бештар шуд. Дар самти бунёдкорӣ сармояи мустақими хориҷӣ дар ҳаҷми 1 миллиарду 400 миллион сомонӣ ворид гардид, ки ин ба рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят мусоидат кард.
Маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ 12 миллиарду 500 миллион сомониро ташкил дод. Кишоварзони вилоят аз сабаби ба қадри кофӣ пайдо накардани тухмии хушсифат ҳосилнокии картошкаро ба қадри талабот таъмин карда натавонистанд. Аз дигар зироатҳои кишоварзӣ ҳосили фаровон рӯёнда шуд.
Ба хотири қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти хушсифат ва мутавозин нигоҳ доштани нархи маҳсулот дар бозорҳо дар 29 сардхонаи ҳудуди вилоят 1 ҳазору 500 тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира карда шудааст.
Дар асоси маблағгузорӣ шудани барномаҳои давлатӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорони алоҳида соли гузашта дар ҳудуди вилоят 304 иншоот сохта ба истифода дода шуд.
Баҳри бунёд ва таҷдиди роҳҳо 34 миллиону 900 ҳазор сомонӣ сарф гардид. Умед аст, ки баробари ба истифода дода шудани корхонаи коркарди нафти Данғара роҳсозӣ дар вилоят боз беҳтар ба роҳ монда мешавад.
- Тӯли як соли охир шумораи толибилмони вилоят 26 ҳазор зиёд шуд. Мувофиқи нақша бояд 16 мактаб ва биною синфхонаҳои иловагӣ месохтем, аммо танҳо 2 муассисаи таълимии навро мавриди истифода қарор додем, - гуфт раиси вилоят.
Зокир ҲАСАН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 229

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед