logo

иқтисод

ТАЪЛИМИ ДУГОНА. ДУРНАМОИ ОН ДАР КӮҲКОРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар шаҳри Душанбе Конфронси омӯзишӣ дар мавзӯи «Табодули таҷрибаи Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таълими дугона» баргузор гардид.

Табодули таҷрибаи Қазоқистон оид ба истифодаи усули олмонии таълими дугона (дуалӣ) дар Тоҷикистон аз тарафи Барномаи минтақавии ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) «Захираҳои маъданӣ баҳри рушд» роҳандозӣ шуд.
- Таълими дугона шакли пешқадами олмонии усули омодакунии кадрҳои баландихтисос буда, таълимро дар ду ҷой - муассисаи таълимӣ ва корхонаҳои саҳроӣ ва кӯҳӣ ба роҳ мемонад. Ҳадафи барнома дар Тоҷикистон табодули таҷриба дар байни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ оид ба ислоҳоти системаи таҳсилоти  касбию техникист, - иттилоъ дод Б. Одиназода, муовини вазири маориф ва илм.
Бино ба гуфтаи Бернедетте Ной,  сардори намояндагии  GIZ дар Тоҷикистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ бо вуҷуди дорои захираҳои зеризаминии фаровон будан, дар мавриди истифодаи онҳо душворӣ мекашанд. Пеш аз ҳама, норасоии кадрҳои ихтисосманди маҳаллӣ ба назар мерасад. Ширкатҳои хориҷӣ ба истифода, сармоягузории корҳои иктишофӣ, дастрасӣ ва коркарди канданиҳои фоиданоки ин ҷо таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Барномаи минтақавии  «Захираҳои маъданӣ баҳри рушд» - и Олмон  таҳияи  заминаҳои  меъёрию ҳуқуқии байналхалқӣ, дастгирии соҳаи кӯҳкорӣ, тайёр кардани кадрҳои маҳаллиро дар ин кишварҳо ҳадафи хеш қарор додааст.
- Системаи дугонаи таълими касбию техникӣ асосан дар соҳаи кӯҳкории Қазоқистон ба роҳ монда шуда, ба баланд бардоштани тахассуси аҳолии маҳаллие, ки дар ин соҳа машғули коранд, мусоидат кардааст. Ин усули таълим бештар дар минтақаҳое, ки дорои захираҳои бойи канданиҳои фоиданок ва корхонаҳои ғайрифаъолу фаъоланд, ба роҳ монда шудааст. Ҳоло зиёда аз 31 ҳазор донишҷӯ дар 450 коллеҷи касбӣ бо чунин тарзи омӯзиш фаро гирифта шудаанд, - изҳор дошт Насимжан Оспанов, директори департаменти техникӣ ва маълумоти олии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон.
Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон дар ин бобат корҳои омодагӣ анҷом дода шуданд,  меморандуми тафоҳумнома байни Барномаи минтақавии  «Захираҳои маъданӣ баҳри рушд» ва шарикони  рушд, ташаккули  муҳити меъёрию ҳуқуқӣ дар мавриди ҷалби сармоя ва тақсими он ба имзо расидааст. Бо ҳамкории барнома дар корхонаҳои саноати кӯҳкорӣ конфронсҳо баргузор гардида, сафари мутахассисони тоҷик ба Олмон, Туркия, Сингапур  ва Қазоқистон ташкил карда шуд. Ба роҳ мондани курсҳои омӯзиши забони англисӣ, ҳамкории донишгоҳҳои мамлакат бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷа дар мавриди табодули таҷриба дар назар дошта шудааст.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.01.2018    №: 22    Мутолиа карданд: 578
26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед