logo

фарҳанг

САДА ҶАШНИ ОҒОЗИ КОРҲОИ КИШОВАРЗӢ

Сада - яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон, аз наздик шудани фасли баҳор ва оғози корҳои кишоварзон хабар медиҳад. Ҷашни мазкур дар майдонҳои васеъ, дар фазои озод ва талу теппаҳо бо иштироки зану мард, кӯдакон ва тамоми мардум гузаронда шуда, онро иди  ҳамагон меномиданд.
Садаро махсусан кишоварзон бесаброна интизор шуда, бо шукӯҳу шаҳомат баргузор менамуданд. Бо гузашти замон ин ҷашни  миллӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт. Маҳз дар замони Истиқлолияти давлатӣ бо иқдоми хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни ниёгонамон аз нав эҳё шуд.
Сарвари давлат ба арзиш ва қимати ҷашнҳои миллӣ баҳои баланд дода, аз ҷумла қайд намудаанд: «Сада ба монанди Наврӯз ва Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шавад. Аз ин хотир, анъанаву расму оинҳо ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулаём бо замин сару кор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрӯз зинда боқӣ мондааст ва ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат менамояд».
Бояд гуфт, ки Сада - иди касбии олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон низ ба шумор меравад. Олимони соҳа бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани иди мазкур ва баҳри таъмини илмии рушди бахшҳои кишоварзӣ пурсамар фаъолият намуда, соли сипаригашта ба дастовардҳои муайян соҳиб гардиданд. Аз ҷумла, 7 навъи нави серҳосили зироатҳои кишоварзӣ - 2 навъи пахта, 1 навъ гандум, 1 навъ офтобпараст, 1 навъ юнучқа ва 2 навъ картошка минтақабоб гардида, ба Комиссияи давлатӣ барои санҷиш ва минтақабобкунӣ 21 навъу дурагаҳои зироатҳои кишоварзӣ супорида шуд. Инчунин, мошину мошинолоти хурдҳаҷми кишоварзӣ ихтироъ гардиданд, ки дар хоҷагиҳои деҳқонӣ мавриди истифода қарор доранд.
Олимони Академия дар офаридани навъҳои серҳосили зироатҳо, доруҳои байторӣ ва тарҳрезии мошину мошинолоти хурдҳаҷми кишоварзӣ соҳиби 12 патент, 7 шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионерӣ, 6 қарори мусбат барои гирифтани патент гардиданд.
Бо мақсади ҷустуҷӯйи роҳҳои баланд бардоштани самаранокии парвариши зироатҳо олимони Академия дар хоҷагии ҶДММ “Агросаноат”- и шаҳри Турсунзода қитъаи намоишии технологияи муосири парвариши пахтаи навъи “Дӯстӣ - ИЗ” дар зери плёнкаро бо усули обёрии қатрагӣ дар масоҳати 1 гектар ташкил  намуданд. Дар оғози кор дар ин қитъа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳузур доштанд. Аз ин қитъаи якгектара 50,6 сентнер ҳосил гирифта шуд. Инчунин, дар қиёс ба навъҳои чинӣ дар ноҳияҳои Данғара ва Дӯстӣ қитъаҳои намоишии парвариши пахтаи навъҳои олимони тоҷик “Нодир” ва “Тоҷикистон” дар майдони 2 гектар ташкил карда шуд ва ҳосилнокии онҳо мутаносибан 38,1 ва 42,6 сентнер аз ҳар гектарро ташкил дод.
Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби олимони Академия 9 пешниҳод оид ба ҷобаҷогузории навъҳои пахта дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, бунёди боғу токзорҳо дар заминҳои лалмии аз боришот таъмин, парвариши зироатҳои кишоварзӣ ва дарахтони мевадиҳанда дар мавзеи Канаски шаҳри Ваҳдат, интихоби зироатҳои кишоварзӣ дар кишти такрорӣ, кишти зериплёнкагии пахта бо усули обмонии қатрагӣ, азхуд намудани заминҳо дар мавзеъҳои ноҳияи Балҷувон, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии замин дар ноҳияҳои вилояти Хатлон,  масъалаҳои рӯзмарраи рушди соҳаи парандапарварӣ ва истифодаи манбаъҳои маъдандори маҳаллӣ барои хӯроки чорвою паранда ирсол гардид.
Бо мақсади тайёр намудани кадрҳои ҷавони баландихтисоси илмӣ 13 рисолаи номзадию докторӣ дифоъ гардида, 80 ҷавони лаёқатманд ба магистратура, аспирантура ва докторантураи Академия ҷалб карда шуд.
Дар сохтори худи Академия бошад, 5 муассисаи нав - Маркази илмии ҳифзи рустаниҳо, марказҳои илми кишоварзӣ дар вилоятҳои Хатлону Суғд, Стансияи ҷумҳуриявии таҷрибавии пиллапарварӣ ва Стансияи таҷрибавии кишоварзӣ дар ноҳияи Данғара таъсис дода шуданд. Айни ҳол олимони Академия бо дастгирии доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми захираҳои зеҳнии худро баҳри рушди илми кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона карда истодаанд.
Нуралӣ АСОЗОДА,
президенти АИКТ,
доктори илмҳои кишоварзӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.01.2018    №: 22    Мутолиа карданд: 249

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед