Хабарҳо
Билл Гейтс барои зоти нави гов 40 миллион доллар сарф кард
Lenta.ru. Асосгузори ширкати Майкрософт ин маблағро ба созмони ғайритиҷоратии GALVmed додааст, ки бо офаридани ваксина барои ҳайвоноти хонагӣ ва генетика машғул аст.
Он дар Донишгоҳи Эдинбурги Шотландия фаъолият дорад. Олимони созмон аз ҳисоби говҳои аврупоӣ ва африқоӣ зоти навро ба вуҷуд оварданианд, ки дар баробари тоқатовар будан чор маротиба бештар шир хоҳад дод.
Гейтс муътақид аст, ки рушди чорводорӣ ва истеҳсоли шир дар мубориза бо қашшоқӣ ва гуруснагӣ ёрии калон расонда метавонад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 234