Хабарҳо
СММ афзоиши теъдоди рекордии сайёҳонро ба қайд гирифт
Kommersant.ru. Бино ба маълумоти Созмони ҷаҳонии сайёҳии СММ, соли гузашта дар дунё шумораи сайёҳон 7 дарсад афзуда, ба 1,322 миллиард нафар расид.
Аз ин миён аз Аврупо 671 миллион сайёҳ, аз Африқо – 62 миллион, минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором - 324 миллион, Шарқи Наздик – 58 миллион, Америкаи Шимолӣ ва Ҷанубӣ 207 миллион нафар дидан карданд. Интизор меравад, ки соли равон афзоиши сайёҳон дар дунё 4 – 5 дарсадро ташкил медиҳад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 270