logo

Хабарҳо

Маркази равандҳои экзогенӣ - геологӣ таъсис ёфт

Сардори Саридораи геология Заробиддин Файзуллозода зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки муассиса соли сипаришуда корҳои омӯзиши геологиро ба маблағи 26 миллиону 306 ҳазору 567 сомонӣ иҷро кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 як миллиону 395 ҳазору 704 сомонӣ зиёд мебошад.

Зикр гардид, ки омӯзиши геологӣ аз рӯйи 39 лоиҳа амалӣ шуда, бештар захираҳои металлҳои сиёҳу рангаи қиматбаҳо ва нодир, канданиҳои фоиданоки ғайриметаллӣ, ашёи радиоактивӣ, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ, ҳамчунин, геоэкология, геофизика ва амсоли инҳоро фаро гирифт. Аз ин ҳисоб ба комиссияи давлатии захираҳои канданиҳои фоиданоки ҷумҳурӣ 35 мавод барои баррасӣ ва гузарондани экспертизаи давлатӣ пешниҳод гардид ва дар натиҷа тарози давлат аз ҳисоби тилло, гаҷсанг, ашёи сементӣ (оҳаксанг), регсангҳо, сангҳои ороишӣ (гранитҳо), хокҳои сохтмонӣ ва омехтаҳои регу шағал ғанӣ гардид.
Айни замон таъсиси Маркази равандҳои экзогенӣ – геологӣ дар назди саридора корро дар самти назорати тармафароӣ ва ҷойгиршавии пармачоҳҳо дучанд осон кардааст. Дар марказ тамоми харитаи равандҳои экзогенӣ – геологӣ, ҳамчунин, харитаи инкишофи тармаҳо ва ҷойгиршавии пармачоҳҳо рақамӣ шуда, имконият медиҳад, ки ҳолати сар задани тарма ва ярч сари вақт пешгирӣ шавад.
О. ВАФОБЕК


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 260

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед