logo

иқтисод

МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ. БОЗОРИ ИСТЕЪМОЛИРО ЧӢ ГУНА ҲИФЗ КУНЕМ?

Ба касе пӯшида нест, ки бо вуҷуди роҳандозии як қатор тадбирҳо аз ҷониби мақомоти дахлдор, воридоти молу маводи пастсифати ба саломатӣ зиёновар ба бозорҳои истеъмолии кишвар ҳанӯз ҳам идома дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд: «Ҷиҳати пешгирии воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ мақомоти ваколатдорро зарур аст, ки доир ба риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» чораҳои таъхирнопазир андешанд ва дар ин самт Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавориро таҳия ва амалӣ намоянд».
Мутаассифона, аз ҷониби бархе аз соҳибкорону тоҷирон дар самти иҷрои ин талабот қонуншиканиҳои зиёд ба назар мерасанд. Баъзе тоҷирон ба хотири манфиатҳои шахсӣ ба инобат намегиранд, ки фардо фарзандони ҳамин миллат маҳсулоти пастсифату заҳролуди вориднамудаи онҳоро истеъмол мекунанд ва ин оқибати ногувор хоҳад дошт. Эроди Сарвари давлат нисбат ба сохторҳои марбута ҷиҳати воридоти маҳсулоти гӯштии хатарнок ва бесифат, махсусан гӯшти мурғ, имрӯз ниҳоят саривақтӣ мебошад.
Аз рӯи маълумоти маркази матбуоти  агентии “Тоҷикстандарт”,  давоми соли 2016 ба қаламрави ҷумҳурӣ ба миқдори 35084  тонна ва давоми 10 моҳи соли 2017 ба миқдори 36151 тонна маҳсулоти гӯштӣ - асосан гӯшти мурғ ворид  гаштааст. Аз ҷониби мутахассисони агентӣ  соли гузашта 5240 ҳолати  қонуншиканӣ ошкор карда  шудааст.
Яке аз сабабҳои чунин ҳолат маърифати пасти ҳуқуқии тоҷирону соҳибкорон мебошад.  Дар баъзе мавридҳо соҳибкорон ҳатто танҳо баъд аз фурӯхтани маҳсулот  барои гирифтани сертификати мутобиқат дархост пешниҳод менамоянд. Тартиби интиқоли бор  ва қоидаҳои санитарию  нигоҳдории он риоя карда намешавад.
- Таҳлили вазъи кунунии бозори истеъмолӣ собит сохт, ки  бо вуҷуди назорати мақомоти дахлдор дар бозор ҳаҷми молу маҳсулоти пастсифати ғайристандартӣ тамоюли афзоиш дорад.  Аз ин рӯ, ҳоло  “Тоҷикстандарт” ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои  Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастгирии истеҳсолоти ватанӣ ва рушди соҳибкорӣ барои маҳдуд намудани воридоти  маҳсулоти гӯштӣ тадбирҳои нав роҳандозӣ мекунад, - гуфт Мурод Ашуров, сардори маркази матбуоти агентӣ.
Роҳи асосии ҳалли камбудиҳои ҷойдошта, ба андешаи коршиносони соҳа, бунёди корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ ва истеҳсоли маҳсулоти босифати рақобатпазир мебошад. Барои баланд бардоштани сифат ва афзудани номгӯи маҳсулоти истеҳсоли ватании воридотивазкунанда ворид намудани технологияи муосири каммасраф, ҷорӣ намудани низоми нави идоракунии сифати маҳсулот аз рӯи меъёрҳои байналмилалӣ ва омода намудани мутахассисони касбӣ омилҳои асосианд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.01.2018    №: 23    Мутолиа карданд: 265

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед