logo

фарҳанг

ШАВҚ АГАР РАҲБАР ШАВАД

«Ҳар боре, ки модарам ба куртадӯзӣ машғул мешуд, ба ҳаракати муназзами мошинааш менигаристаму ҳавасам меомад. Мехостам мисли ӯ ҳунарманд бошам ва сӯзан ба даст гирифта, барои лӯхтакам курта медӯхтам,» - мегӯяд Сабринаи Хурсанд.
Ӯ зодаи деҳаи Осмондараи ноҳияи Данғара аст. Муассисаи таҳсилоти миёнаро бо   медали  тилло   хатм намуда,   Донишгоҳи   миллии   Тоҷикистонро  низ   бо  дипломи аъло ба итмом расондааст. Тарроҳ ва дӯзандаи моҳир буда, аз уҳдаи зардӯзӣ, гулдӯзӣ, чакан, гулбурӣ, бофандагӣ, тоқидӯзӣ ва амсоли инҳо, ки аз ҳунарҳои мардумии  моянд, ба осонӣ мебарояд.
- Аввалин маҳсули дастам куртачаи лӯхтакам буд. Баъдан барои худ курта, рӯймол, кулоҳ ва ҷузвдон медӯхтам. Ҳамин гуна ҳунари ман рӯз аз рӯз такмил меёфт. Ёд надорам, ки барои худ ё модару хоҳаронам аз бозор либосе ё рӯймоле харида бошам. Ҳамаашро худам тарҳрезӣ намуда, медӯзам. Дар ҳунармандӣ модарамро устод мешуморам, - изҳор медорад Сабрина.
Мавсуф дар баробари машғулиятҳои донишгоҳӣ, бо тахайюлот ба офаридани тарҳҳои замонавӣ машғул шуда, либосҳои миллиро дар шаклу намудҳои гуногун пешкаши дӯстдорони ҳунарҳои мардумӣ менамуд. Тавре ки худаш баён кард, либосҳои таҳиякардааш дар чандин озмунҳои тарроҳӣ муаррифӣ шуда, соҳиби мукофот гаштаанд. Аз ҷумла, соли 2013 дар озмуни “Ихтироъгарони ҷавон” сазовори ҷои аввал шуд.
Сабрина аввалин духтарест, ки дар ҷодаи тарроҳӣ навъи либоси миллии варзиширо ба озмунҳо ва муштариён пешниҳод намудааст. Ӯ хурсанд аз он аст, ки ҷавондухтари тоҷике дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба каратэ дар Олмон бо либоси варзишии ӯ иштирок намуда, ҷои аввалро гирифт.
Пеш аз ҳама, мақсадаш нишон дода тавонистани анъанаҳои мардумӣ дар либосҳои миллӣ мебошад. Дар аксари куртаҳои дӯхтааш нақшу нигори миллиро истифода намудааст, ки ифодакунандаи фарҳанги ниёгони мост. Бо ҷаҳду талошҳои хеш мекӯшад, то дар пешбурд ва рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳим бошад.
Сабринаи Хурсанд ва монанди ӯ садҳо ҷавондухтарони ҳунарманди хонакор шод аз онанд, ки дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти онҳо аз андоз озод карда шуда, барояшон имтиёзҳои нав муқаррар гаштанд. Ин имкон медиҳад дар роҳи равнақ бахшидани касбашон боз ҳам ба пешрафтҳои назаррас ноил гарданд.
Қурбон АҲМАДЗОД, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.01.2018    №: 23    Мутолиа карданд: 217

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед