logo

фарҳанг

САДА - ҶАШНИ ҚАБЛ АЗ НАВРӮЗ

Дар бораи Ҷашни Сада, ки ҳар сол дар даҳуми баҳманмоҳ (мутобиқ ба 31 январ) онро ниёгони мо бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мекарданд, ду ривоят ё худ устура мавҷуд аст, ки ҳар ду баробари  тавсифҳои гуногун, таъкид бар он кардаанд, ки иди Сада 50 шабонарӯз (яъне 50 шабу 50 рӯз) қабл аз Наврӯз баргузор мегардад. Он, асосан, гувоҳи қавии  пешомади Наврӯз аст ва ба ин маънӣ ишора бар он мекунад, ки пас аз Шаби ялдо (ё Ҷашни Дайгон, ки  дарозтарин шаби сол аст) дароз шудани рӯз ба вуқӯъ мепайвандад, гарм шудани ҳаво ва партавафшонии бештари Хуршед ба Замин ба вуҷуд меояд, Замин бордор мешавад ва деҳқон ба кандани ҷӯю мондани яхоб, омода намудани тухмӣ ва ғайра шурӯъ мекунад.
Ҷашни Сада бо баромадани чиллаи бузург фаро мерасад ва таҷлили  он, мисли дигар ҷашнҳои суннатии сол, расму оинҳои хоси худро дорад. Ба ҷуз густурдани хони идона ва гузоштани хӯрокҳои лазизу  шириниҳои гуногун рӯи  дастархон, яке аз мушаххасоти он оташсӯзӣ аст.
Мутафаккири бузурги форсу тоҷик Умари Хайём дар «Наврӯзнома» - и хеш навиштааст, ки Ҷашни Сада ба пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок нисбат дода шудааст. Ӯ қайд  мекунад, ки вақте Фаридун бар Заҳҳок ғалаба кард ва мардум  аз ҷабру ситами ӯ бирастанд, ин ҳодисаро фоли нек донистанд ва бо фармони Фаридун ин рӯзро бо оташсӯзии бузург ҷашн гирифтанд.
Дар ин суханони Умари Хайём мазмунҳои гуногун ниҳонанд, ки бахше аз онро қаблан Абурайҳони Берунӣ  дар «Осор - ул - боқия» ва қисми дигари онро Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»  баён намуда буданд. Ин ҷо, пеш аз ҳама, вазири Заҳҳок - Армаилро дар назар дорам, ки барои пешгирӣ аз куштани ҷавонон яке аз ду қурбонии морони Заҳҳокро ба паноҳгоҳе дар кӯҳи  Дамованд мефиристод. Фаридун ба ин амали вазири нексиришти Заҳҳок бовар накард ва дастур дод, ки раҳоёфтагонро биёранд ва дар болои бомашон оташафрӯзӣ  кунанд, то гуфтаҳои  Армаил собит шавад. Бегоҳии он рӯз аксари боми хонаҳо аз оташ фурӯзон гашт. Дар ин ҷо боз чандин масоил, аз қабили ширкати шоирону ромишгарон дар маҳфили шеърхонию бадеҳагӯӣ ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор додан мумкин аст.
Нигина БОЗОРОВА,
директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 59 - и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.01.2018    №: 23    Мутолиа карданд: 209

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед