logo

сиёсат

РОҲНАМОИ ЗИНДАГӢ

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамо ва қутбнамои инкишофи ҷомеа ва тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ барои як соли оянда мебошад. Ҳар як нуктаи Паёми имсола ба боз ҳам беҳтару шоиста намудани зиндагии  халқи Тоҷикистон бахшида шуда, бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки шиори Пешвои миллати мо таъмини зиндагии арзандаю шоиста ва некуаҳволии мардум буд ва мемонад.
Имрӯз мо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ободкориҳои беназирро дида, дар умқи дил барои боз ҳам шукуфоии Ватани азизамон боварӣ эҳсос мекунем.
Обрую манзалати кишвари мо аз ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба об ва аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълон шудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028» дар арсаи байналмилалӣ афзудааст.
Дар Паём, инчунин, қайд гардид, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои татбиқкунандаи «иқтисодиёти сабз» маҳсуб ёфта, аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад, зеро 98 дарсади барқ тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.
Масъалаи ниҳоят муҳими дигар, ки Пешвои миллат пешниҳод намуданд, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон кардани  соли 2018 мебошад. Аз маълумоти оморӣ бармеояд, ки қариб нисфи зиёди даромади буҷети кишварҳои пешрафтаи олам аз ҳисоби рушди соҳаи сайёҳӣ аст.
Рушди соҳаи сайёҳӣ, инчунин, ба ғанӣ гардидани буҷети кишвар ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд. Дар кишвари мо барои рушди тамоми намудҳои туризм, аз қабили кӯҳнавардӣ, лижаронӣ, пиёдагардии кӯҳӣ, автомобилӣ, табобатӣ ва истироҳатӣ, шикорӣ ва тиҷоратӣ имкону захираҳо мавҷуданд. Ман боварӣ дорам, ки бо дастгирии Сарвари давлат ин соҳаи басо муҳим мутобиқ ба шароити кишвари азизи мо - табиати зебо, обу чашмаҳои зулоли шифоӣ, кӯҳҳои сарбафалаккашида, зиёратгоҳҳои фарҳангию таърихӣ солҳои оянда ба манбаи хеле сердаромади иқтисоди Тоҷикистон мубаддал мегардад.       
Эҳёи сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ сарзамини биҳиштосои моро бо роҳбарии Пешвои муаззам машҳури дунё хоҳад намуд.
Ҷовид АТОЕВ, ҳуқуқшинос


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.01.2018    №: 23    Мутолиа карданд: 310

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед