logo

фарҳанг

САДА. АЗ БОСТОН ТО ОСТОН

Сада дар қатори Наврӯзу Меҳргон аз даврони қадим яке аз ҷашнҳои бошукӯҳу шаҳомати мардумони мо ба шумор мерафт. Моҳияти Ҷашни Садаро пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, мардум онро бо афрӯхтани гулханҳои бузург гиромӣ медоштанд.

Сада ҳамасола дар рӯзи 10 - уми моҳи баҳмани солшумории ҳиҷрии хуршедӣ таҷлил мегардид, ки баробар ба 30 январи солшумории мелодист. Ҷашни Садаро, азбаски дар меҳвари он оташ меистад, «ҷашни  оташ» ҳам номидаанд ва онро марбут ба оини зардуштӣ шумурдаанд. Вале ба қавли устурашинос Меҳрдоди Баҳор, Сада ҷашни зардуштӣ нест, зеро дар Авестову матнҳои паҳлавии сосонӣ аз Сада ишорае нашудааст.
Оид ба шарҳи истилоҳи «сада» дар сарчашмаҳои таърихиву адабӣ андешаҳои гуногун зикр шудаанд. Аз ҷумла, машҳуртарин ташреҳи мардумӣ ин аст, ки «сада» аз шумораи сад (100) гирифта шудааст. Гӯё, шумораи сад аз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз иборат буда, замони фарорасии Наврӯзро ифода мекунад. Аммо номи ин ҷашн ба шумораи сад ва наздик омадани Наврӯз иртибот надорад. Сада ҷашни оини митроӣ ё меҳрпарастӣ буд. Дар тақвимҳои халқии тоҷикон чиллаҳо вуҷуд доранд, ки решаҳои чиллашуморӣ низ ба дини митроӣ рафта мерасанд. Чиллаи калони тоҷикон, инчунин, мардумони дигари эронитабор, аз 21 декабр оғоз мешавад. Ин рӯз дар оини митроӣ зодрӯзи эзад Митро маҳсуб будааст, яъне рӯзи зодани нуру рӯшноӣ. Аз 21 декабр сар карда, рӯзҳо дақиқа ба дақиқа дарозтар мешаванд. Ин рӯзро аҷдодони мо бо номи Шаби Ялдо то ба имрӯз таҷлил мекунанд. Вожаи «ялдо» аз забони сурёнӣ буда, маънои валодат ё таваллудро дорад. Тибқи устураҳои бостонӣ, Митро дар ғор таваллуд шуда, чил рӯз он ҷо мемонад ва рӯзи чилу якум аз ғор берун мешавад. Ин суннат ҳоло  ҳам байни мардуми мо ҷорист, ки тифли навзодро чилладор шумурда, чил рӯз боэҳтиёт парвариш мекунанд. Тоҷикони қадим рӯзи аз ғор берун шудани Митроро бо номи Сада ҷашн мегирифтанд. Ҳамчун рамзи равшанӣ ва гармӣ гулханҳои бузург меафрӯхтанд, дар атрофи он хурсандиву шодмонӣ мекарданд.
Дар мавриди решашиносии вожаи «сада» М. Баҳор андешаи хубе пешниҳод кардааст. Ба қавли ӯ, калимаи «сада» аз решаи  sand-и авестоӣ ба маъноӣ «зоҳир шудан» ба вуҷуд омадааст. Яъне, Митро пас аз чил рӯз зоҳир мешавад. 
Ин ҷашн ёдгорест аз даврони ориёиҳо, ки дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ пайдоиши онро ба шоҳи пешдодӣ – Ҳушанг, баъзеҳо ба шоҳ Фаридун ва ҳатто ба Ардашери Бобакон низ нисбат медиҳанд. Аз  ҷумла, Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» бунёд гузоштани Ҷашни Садаро ба кашф шудани афрӯхтани оташ иртибот медиҳад.  Ҳушанг дар шикор бо наздиконаш мори бузургеро мебинад ва сангеро бардошта, ба сӯйи он мор партоб мекунад. Мор гурехта меравад, аммо санги партобшуда ба санги дигаре бархӯрда, аз он шарораҳо мепаранд. Шарораҳо ба хасу хошоки хушк часпида, алангаи оташ баланд мешавад. Ва Ҳушанг:

Бигуфто: «фурӯғест ин эзадӣ,
Парастид бояд агар бихрадӣ».
Шаб омад, барафрӯхт оташ чу кӯҳ,
Ҳамон шоҳ дар гирди ӯ бо гурӯҳ.
Яке ҷашн кард он шабу бода х[в]ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Ҷашни Сада аз замони ориёиҳо сар карда, то даврони салтанати ғазнавиёну салҷуқиён ва дар баъзе минтақаҳо то замони истилои муғул маъмул буда, дар дарбор ва байни мардум таҷлил мегардид. Баъд аз асрҳои XII - XIII рӯҳониёни мутаассиб, бисёр суннатҳои бостонии мардумони ориёиро ҳамчун оинҳои ҷодуию бутпарастӣ шумурда, манъ карда буданд, ки яке аз онҳо Ҷашни Сада буд. Ба ҳамин, Ҷашни Сада аз таҷлили расмии дарборӣ ба байни мардум рафт ва ба гунаи сайрҳои зимистонӣ ва маросимҳои гиромидошти оташ идома ёфт.
Роҷеъ ба Ҷашни Сада дар адабиёти тоҷику форс асрҳои Х - XI, махсусан, дар  қасидаҳои шоирони дарбори ғазнавиён, аз қабили Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Асҷадӣ ва дигарон ишораву тасвирҳои нисбатан бештар ба назар мерасанд. Е. Э. Бертелс дар мақолаи «Ҷашни Сада дар назми форс-тоҷик» қисмати насиби қасидаҳои мадҳиявии шоирони номбурдаро таҳқиқ намуда, мавқеъ ва муносибати шоҳони он давраро ба Ҷашни Сада муайян кардааст. Ба ақидаи ӯ, баъзе аз шоҳон Садаро қабул доштанд, аммо бархе дигар аз мулук онро ҳамчун оини бутпарастону ҷодувон ва оташпарастон мешумурданд. Аз ин лиҳоз, шоирони дарбор низ мувофиқи қабулу назари ин подшоҳон қасидаҳои мадҳиявӣ мегуфтанд. Масалан,  Унсурӣ дар як қасидааш аз Ҷашни Сада истиқбол карда чунин менависад:
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афредуну аз Ҷам ёдгор аст.
Замин имшаб гӯӣ кӯҳи Тур аст,
К-аз ӯ нури таҷаллӣ ошкор аст.
Гар ин рӯз аст, шаб хондаш набояд
Ва гар шаб рӯз шуд, хуш рӯзгор аст.
Ҳамоно к-ин диёр андар биҳишт аст,
Ки бас пурнуру рӯҳонӣ диёр аст…
Ҳарчанд ки ин ҷашн ба кеши зартуштӣ хос набудааст, аммо азбаски марбут ба оташ аст ва оташ назди зартуштиён муқаддасу арҷманд аст, имрӯзҳо зартуштмазҳабони устонҳои Кирмону Язди Эрон, иёлати Гуҷарати Ҳинд ва умуман зартуштиёни ҷаҳон аз ин ҷашн пазироӣ доранд.
Ин маросим то нимаҳои садаи гузашта идома ёфтааст. Ниҳоят Ҷашни Сада дар асри 21 ватану ҳомии худро пайдо намуд. Инак, бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари соҳибистиқлоли мо барои таҷлили ҷашнҳои суннатии ниёгони мо Наврӯзу Меҳргон ва Сада рӯзҳои муайян расман тасдиқ шудаанд. Ҷашни Садаро мо акнун бо дарназардошти ғояҳои миллӣ ва манфиатҳои иқтисодию иҷтимоӣ баргузор менамоем.
Ниёгони мо пас аз ҷашнгирии Сада ба корҳои кишоварзию боғдорӣ шурӯъ мекарданд. Деҳқонон хокистари гулхани Садаро ба халтаҳо гирифта, ба заминҳои худ бурда,  бо орзую нияти баракату фаровонӣ мепошиданд. Боғдорон дар водиҳо ба шохчабурии дарахтон сар мекарданд.
Дар рӯзҳои таҷлили ин ҷашн намоиш ва фурӯши ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда, сояафкан, гулу буттаҳои ороишӣ, тухмиҳои ҳар гуна зироатҳо, васоили меҳнат ва техникаи марбут ба корҳои кишоварзию боғдорӣ, нуриҳои минералӣ, китобу дастурҳои ёвар барои корҳои деҳқонию боғбонӣ ва соҳаҳои дигари хоҷагидорӣ, ихтироъ ва дастовардҳои тозаи олимони тоҷикро ташкил кардан мувофиқи мақсад аст.
Дилшод РАҲИМӢ,
номзади илми филология, фолклоршинос


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.01.2018    №: 23    Мутолиа карданд: 238

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед