logo

фарҳанг

НУРОБОД. ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ҶАШНИ БОСТОНӢ

Бахшида ба Ҷашни бостонии Сада дар ноҳияи Нуробод ҷамъомади тантанавӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ, донишҷӯёни коллеҷҳои тиббӣ, муҳандисӣ-техникӣ ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор гардид.
Сада ҷашни пурарзиши тамаддуни мо буда, таърихи чандҳазорсола дорад ва оид ба пайдоиши он дар таърихномаҳо андешаҳои ҷолиб овардаанд. Мо миллати тамаддунсозу фарҳангофарем ва Пешвои муаззами миллат аз суннату фарҳанги воло ифтихор дораду аз он дар арсаи байналмилалӣ пуштибонӣ менамояд.
Дар ҷамъомад Маҳмадулло Тоҳирзода муовини раиси ноҳия, аз хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи анъанаҳои қадима ёдовар шуда, сокинони ноҳияро бо ин ҷашни миллӣ табрик гуфт.  
Сипас, хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар васфи Сада, ки мужда ба Ҷашни Наврӯз аст, порчаҳои шеърӣ қироат намуданд.
Ҳамчунин, навъҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ ва гиёҳҳои шифобахши ҷамъоваринамудаи идораи хоҷагии ҷангали ноҳия ба намоиш гузошта шуд. Бо мақсади омодагӣ ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз - 2018 ва маъракаи ниҳолшинонӣ фурӯши ниҳолҳои мевадиҳанда ва гулу буттаҳои ороишӣ роҳандозӣ гардид.
 Дар фарҷом, ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо сурудҳои дилнишин бахшида ба Ҷашни Сада хотири ҳозиринро болида гардонданд.
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.2018    №: 24    Мутолиа карданд: 288

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед