logo

иҷтимоиёт

БОХТАР. ҲУНАРМАНДОН АЗ ТАШАББУСИ САРВАРИ ДАВЛАТ ГАРМ ИСТИҚБОЛ МЕКУНАНД

Чанде пеш дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён (Бохтар) бо ташаббуси беш аз 300 ҳунарманд ҳамоиш баргузор гардид.
Ин ҳунармандон, ки асосан сокинони ҷамоатҳои деҳоти Исмоили Сомонӣ ва Меҳнатобод буданд, дар баробари миннатдорӣ аз ташаббуси Сарвари давлат ҷиҳати эълон шудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиш ва фурӯши маҳсули заҳмати дастии худро низ ташкил карданд.
Чанде аз пешаварони гулдаст, ки солҳо боз ба корҳои гулдӯзӣ, гулбурӣ, кӯрпадӯзӣ, чакандӯзӣ, ҷомадӯзӣ, тоқидӯзӣ, адрасбофӣ, гулдонбофӣ, ҷӯроббофӣ, сандуқу гаҳвора ва элаку мӯхпарсозӣ машғул буданд, аз он изҳори хурсандӣ намуданд, ки ҳарчанд омода кардани ҳатто як навъи маҳсулоти мардумӣ меҳнати зиёди шабонарӯзиро тақозо мекунад ва аз ҷиҳати бадошт будан он дар қиёс ба аксар маҳсулоти саросема омодашудаи корхонаҳо рақобатпазир аст, аммо ба он таваҷҷуҳи шоиста зоҳир намегардид.
- Мо, як гурӯҳ бонувони хонанишин, чандин сол боз ба ҳам омада, бо истифода аз ҳунарҳои мардумӣ ҳам маҳсулот омода ва ҳам ба василаи фурӯши онҳо як гӯшаи рӯзгорамонро обод мекунем, - гуфт истиқоматкунандаи Ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ Тозагул Самадова. – Маҳсулоти моро то оғози ҳамин сол аксаран духтарон ва наварӯсон мехариданд. Ҳамчун армуғон парчамҳои гулдӯзии хурдҳаҷму муқаррарӣ, ҳамёнҳои гулдӯзии занона, тоқиҳои гулдӯзии кӯдакона ва барои калонсолон сумкаҳои гулдӯзии занона омода мекунем. Аммо, азбаски мутасаддиён ва фурӯшандагони мо маҳсули ҳунари мардумиро пушти по карда, ба меҳмонони хориҷӣ аксаран ширинию лимӯ тақдим мекарданд, бозори ҳунарҳои мо касод буд. Ҳоло шукрона аз он мекунем, ки акнун метавонем ҳам дар маҳсулоти хеш фарҳанги қадимию бойи миллатро таҷассум ва ҳам аз фурӯши он чархи рӯзгорамонро гардон кунем.
Дилафрӯз Шукруллозода, муовини раиси ноҳия низ иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро арҷгузории воло ба ҳунарҳои нотакрори мардумӣ унвон кард. Дар кишварҳое, ки соҳаи сайёҳии рушкарда доранд, маҳсулоти дастӣ, хусусан маҳсулоти намои миллидошта нисбат ба маҳсулоти корхонаҳо серхаридоранд ва арзиши гаронтар доранд. Ҳар як сайёҳ майл ба он дорад, ки ҳангоми бозгашт ба ватанаш барои худ ва пайвандонаш чизе ба хотира бубарад. Биноан, ҳунармандони ноҳияро зарур аст, ки бо истифода аз дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Сардори муаззами давлат сифат, намуди зоҳирӣ, бастабандии маҳсулоти худро боз ҳам беҳтар карда, ҳамзамон дар андешаи эҷоди армуғонҳои наву ҷолиби дигар бошанд, - афзуд ӯ.
Муслима Раҳмонова, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, иттилоъ дод, ки бо мақсади ба занони хонанишин ва дигар хоҳишмандони бе ҷойи кор омӯзондани ҳунарҳои мардумӣ аз вилояти Суғд чор дастгоҳи адрасбофӣ ва қолинбофӣ оварда шуд. То ин муддат анқариб 40 бону ҳунари адрас ва қолинбофиро аз худ карданд. Албатта, чунин маҳфилҳо идома доранд. Аммо, ба хотири он, ки нафарони омӯзишдида минбаъд дар пайдо кардани таҷҳизоти бофандагӣ душворӣ накашанд, сохтани онро дар ноҳия ба роҳ монданием. Пасон метавонем хоҳишмандонро аз дигар шаҳру ноҳияҳо низ ба ин маҳфилҳо фаро гирем.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.2018    №: 24    Мутолиа карданд: 382

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед