logo

иқтисод

СОҲИБКОРӢ. ЧАРОҲОЕ, КИ ПОСУХ МЕХОҲАНД

Мувофиқи нақшаи барномаҳои давлатӣ ҳиссаи бахши хусусӣ дар сармоягузории умумӣ то соли 2020 ду баробар афзоиш дода мешавад. Ин ҳадаф моро водор месозад, ки ба масъалаи фароҳам овардани фазои мусоид ва ҷорӣ кардани усулҳои ҳавасмандсозии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, хусусан дар маҳалҳо диққати бештар диҳем.
Барои ин дар ҷумҳурӣ имкониятҳои омӯзиш ва пайваста сайқал додани маҳорати соҳибкорӣ хеле зиёданд. Вале, мутаассифона, бисёре аз соҳибкорон фаъолияти худро бе гирифтани маълумоти соҳавӣ оғоз карда, ниҳоят дар ҷараёни кор ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешаванд.
Нокифоя будани маърифати ҳуқуқиву молиявӣ, наомӯхтани бозор ва маркетинг, кам будани таҷрибаи кор дар истеҳсолот, махсусан дар самти банду басти маҳсулот, кор бо техника ва технологияи муосир, ҳамчунин, надонистани забонҳои хориҷӣ, асоси монеа ва сабаби аз фаъолият бозмонии баъзе корхонаҳои саноатӣ шудаанд.
Барои баланд бардоштани сатҳи касбият ва малакаи соҳибкорон дар ҷумҳурӣ, махсусан дар шаҳру ноҳияҳо ва деҳот аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ як қатор чорабиниҳои омӯзишӣ, аз қабили тренинг ва семинар - машваратҳо доир мешаванд, - иброз дошт муовини сардори раёсати дастгирии соҳибкори кумита Замира Ҷӯразода.
- Айни замон барои беҳбуд бахшидан ба ҷараёни омӯзиши соҳибкорону тоҷирон аз ҷониби кумита нақша – чорабиниҳои баргузории омӯзиш бо назардошти таъсиси марказҳо ва курсҳои такмили ихтисос (дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд) таҳия шуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати кишвар пешниҳод гардидааст.
Омӯзиши то имрӯз доирнамудаи кумита бештар ба муаррифии муқаррароти қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ва «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» равона шудааст. Ба чунин монанд тренингҳо дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтари вилояти Хатлон ба маротиб зиёд буданд. Ба гуфтаи сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Қурбон Қурбонзода, омӯзондан ва пайваста такмили ихтисос кардани соҳибкорон дар ҳоли ҳозир хеле ба маврид аст. Масалан, баргузории семинар - машваратҳо оид ба ташкили марказҳои истеҳсолӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар доираи барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят имконият фароҳам овард, ки дар соли 2017 аз ҳисоби соҳибкорон беш аз 200 биною иншоот ва корхонаҳои истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ ба маблағи 107,9 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шаванд. Вале, ин тадбирҳо барои рушди босуръати фаъолияти соҳибкорӣ, хусусан дар самти соҳибкории истеҳсолӣ кифоя нест. Мушкили  таҳия ва пешниҳоди бизнес - нақшаҳо, таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ҷалби инвеститсия ва истифодаи мақсадноки маблағҳои қарзӣ ҳанӯз боқӣ монда, ҳалли саривақтии худро тақозо менамоянд.
- Аз ҷониби соҳибкорон истифода накардани технологияи инноватсионӣ низ монеа эҷод кардааст. – Албатта, барои бо технологияи инноватсионӣ кор кардан бояд, ки сатҳи касбӣ ва маърифати ҳуқуқиву молиявии соҳибкорон баланд бошад. Ба ин хотир, масъулони маркази ҷавонон пайваста бо соҳибкорон дар ҳамкорӣ буда, ба онҳо барои таҳияи бизнес – нақшаҳо ва дар кори истеҳсолот аз коркард то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва содироти он маслиҳат медиҳанд. Ин аст, ки фаъолияти соҳибкорӣ дар вилояти Суғд нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба маротиб рушд кардааст. Аз ин рӯ, бисёр бамаврид хоҳад буд, агар дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ чунин марказҳои инноватсионӣ ва бизнес – инкубаторҳо таъсис дода шаванд. Шумораи онҳо дар шаҳру ноҳияҳо ангуштшуморанд, - гуфт Маъруфхоҷа Бузургхоҷаев, роҳбари Маркази инноватсионии ҷавонон аз шаҳри Исфараи вилояти Суғд.
Бовар аст, ки масъулони кумита якҷо бо мақомоти маҳаллӣ дар ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта ва таҳияи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ бо таҳлили хусусиятҳои хоси ҳар як минтақа, захираҳои табиӣ ва инсонӣ, ҳамчунин, иқлим ва шароити ҷойгиршавии онҳо чораҳои зарурӣ меандешанд.
О. ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.2018    №: 24    Мутолиа карданд: 300

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед