logo

сиёсат

ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ ДАҲСОЛА ХИДМАТИ МОНДАГОР БА АҲЛИ БАШАР АСТ

22 март татбиқи ташаббуси глобалии Тоҷикистон - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» расман оғоз мегардад
Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ зикр намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлолияти давлатии худ ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ дониста, ҷонибдори таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарии мардумони минтақа бар пояи дӯстӣ ва ҳусни эътимод мебошад ва татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро ҳамчун василаи воқеии ҳалли мушкилот дар ин самт дар даҳсолаи оянда низ  идома медиҳад.
Тавре Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерреш дар иҷлосияи Маҷмаи умумии СММ таъкид намуд, Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005 – 2015), ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуд, беш аз ҳама барномаҳои СММ бобарортар татбиқ гардид. Аммо раванди босуръати ҷаҳонишавӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ барои сокинони сайёра проблемаҳои зиёд,  аз ҷумла мушкилоти сахти иқтисодии марбут ба об  бор оварданд. Барои ҳамин, Пешвои муаззами мо эъломи Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» - ро барои солҳои 2018 – 2028 зарур донистанд ва ин ташаббусро ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш пазируфт.
Ба қавли коршиносон, бинобар тағйирёбии иқлим, хусусан бар асари зиёдшавии партоби газҳои гулхонаӣ, тайи  30 соли охир аз 13 ҳазор пирях дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз ҳазор адади он пурра нобуд шудааст. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон ба шашгонаи мамлакатҳои истеҳсолкунандаи «энергияи сабз» дохил аст  ва 98 фоизи энергияи кишвар дар неругоҳҳои барқи обӣ –  манбаи  аз лиҳози экологӣ тоза  истеҳсол мешавад. Яъне партоби газҳои зарарнок ба ҳаво хеле кам аст.
Айни замон 60 дарсади захираҳои оби  Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон  ташаккул меёбанд. Яъне идомаи эҳтимолии  раванди обшавии босуръати пиряхҳо метавонад ба ташаккули захираҳои оби минтақа таъсири манфӣ расонад. Аз ин рӯ, пиёдасозии ҳадафҳои Созишномаи Париж, ки Тоҷикистон ба он ҳамроҳ аст, андешидани тадбирҳо ҷиҳати кам кардани партоби газҳои гулхонаӣ ва пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо вазифаҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонианд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунанд, ки дар марҳалаи кунунӣ яке аз роҳҳои ноилшавӣ ба рушди устувор ин тавсеаи «иқтисоди сабз” ва истифодаи босамар аз захираҳои энергияи таҷдидшаванда ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори иқдомҳои ҷаҳонии “Энергияи устувор барои ҳама” буда, дар ин раванд ба нафъи ҷомеаи башар амалҳои созанда анҷом медиҳад.
Тоҷикистон дар амалисозии барномаҳои марбут ба оби Созмони Милали Муттаҳид ҳамеша ширкати фаъолона дошт ва ин иқдомро минбаъд низ пайгирона идома хоҳад дод. Татбиқи босамари ҳадафҳои Даҳсолаи нав дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ барои расидан ба ҳадафи рушди устувори марбут ба захираҳои об ва ҳифзи ин неъмати бебаҳо барои наслҳои оянда мусоидат хоҳад кард.
Шарифхон ТИЛЛОЕВ,
рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.2018    №: 24    Мутолиа карданд: 254

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед