logo

Хабарҳо

ҶАЙҲУН. Дарёфти 3 медали биринҷӣ дар мусобиқаи байналмилалӣ

Варзишгарони ноҳияи Ҷайҳун соли гузашта дар мусобиқаҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори 8 медали тилло, 12 нуқра ва 17 биринҷӣ гаштанд, ки дар муқоиса ба соли 2016 - ум 14 – то зиёд мебошад.
Тибқи иттилои Саидҷон Сатторов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ҷайҳун, дар назди бахш мактаби варзишӣ  фаъолият дорад, ки дар он 11 мураббӣ аз рӯйи 6 намуди варзиш, аз ҷумла футбол, волейбол,  гӯштии миллӣ, бокс, шашка ва таэквандо (ВТФ) ба 285 нафар (24 духтар) тамрин медиҳанд.
Соли сипаригашта варзишгарони ноҳия на танҳо дар мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ, балки байналмилалӣ низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Шамсиддин Шарипов дар вазни 68 килограмм, Комрони Сироҷиддин 63 килограмм ва Сайвалӣ Қосимов 68 килограмм дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таэквандо (ВТФ), ки дар шаҳри Душанбе баргузор гашт, ширкат варзида, сазовори медалҳои биринҷӣ гардиданд. 
- Масъулони бахш минбаъд низ баҳри боз ҳам баландтар бардоштани ҳисси ватанпарастӣ, худшиносии ҷавонон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим тамоми чораҳои заруриро амалӣ  карда,  дар рушду равнақи соҳаи варзиш саҳми арзандаи хешро хоҳанд гузошт, - афзуд Саидҷон Сатторов.
Кароматулло  РАҲМАТОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 195

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед